Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
зодгоҳам - нахустватани дилбандамро андар оғӯши шаҳри ҷавониву шаҳри Ишқ - Душанбеи дилрабоям бибинам.
- Холай, бибий? Худута як тараф гир, раҳамон бите! - духтараки нозукниҳоле, ки худро зери лапари чатри сиёҳ гирифтааст, сӯям теғи нигоҳ мекашад.
Ба худ меоям. Ва аз парвози хаёлам, ки қариб маро ҳамболи барфҳои лаклакӣ сохта буд, шарм мекунам. Ба воқеият рӯй меоварам. Ман аз духтар намеранҷам. Охир, ҷавонони имрӯза ҳамеша осемасаранд, вақт надоранд. Ба сони Интернет, ки маънои вақту масофаро барҳам зада, пеш рафтан мехоҳанд. Мо, бузургсолон, инро тан бояд бигирем. Ва ман кайҳост, ки дар зиндагӣ ба онҳо фотиҳои нек додаам. Инак, ин лаҳзаҳо низ ҳамчун як бонуи солрафтаву солор ба ҷавондухтар роҳ мекушоям, ки аз ман пеш гузашта, бенавбат бозичаҳои арчаи солинавӣ бихарад.
- Марҳамат, духтари хушрӯ.
Бехабар мемонам, ки духтари хушрӯ «парен» ҳам доштаасту «парен»-аш чор «братан»-и дигар. Бигзор, харид кунанд. Ҳарчанд соли нав дар остона қарор дорад, ман фурсат меёбам, ки аз ин ҷо не, ҳамагӣ аз се қадам дуртар ҳоҷатамро барорам. Яъне, чунин бозичаҳои пластикии камҷилои чиноӣ сари ҳар қадам дар фурӯш ҳастанд.
Пештар, солҳои кӯдакии мо вазъият тамоман дигар буд. Чӣ ҷойи пинҳон кардан, бибиву бобоҳо он тараф истанд, падару модарон хариди чунин молу маҳсулотро сарфи беҳуда меҳисобиданд, ҳарчанд ҷизову дурахши бозичаҳои шишагии русӣ воқеан дилрабо буданд ва онҳоро, агар чун мудири хоҷагии мактаби мо амакӣ Содиқбой дар қуттии калон миёни коҳрезаҳо нигоҳ доранд, даҳҳо сол ба кор меомаданд. Ман аз суҳбатҳои паст-пасти муаллимонам, ки одатан дар чунин мавридҳо байни худ мудири хоҷагиву калонҳои мактабро «мехоиданд», ба таври худ маъно мебардоштам: боз пули имсолаи арчаи солинавӣ ба кисаи бетаги онҳо рафт... Яъне, бозичаҳои аҳди Доқёнусро, намедонӣ бори чандум бошад, гӯё аз дукони молҳои маданӣ «мехариданд.» Чеки «мол»-и

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё