Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман карахту музтар ба як гӯшаи Санги лағжонак нишастам. Яке чашмам ба китоби бемуқовае афтод. Ба даст гирифтаму дунё дар назарам тор шуд. Саҳифаҳои ғиҷиму даридаи «Тоҷикон» хунолуда буд! Ман яқин кардам, ки Истам бо хоҳиши худ нарафтааст, ӯро зӯран бурдаанд, агар не, чаро ин китоб, ки духтарак табаррук медонист, дар чунин ҳол аст? Ин хун аз куҷост? Мабодо...

Борон шиддат мекард, раъду барқ ба дил кора мекард. Оқибат ба қароре омадаму сӯйи хона тохтам. Дар як лаҳза ҳар чӣ ба ман тааллуқ дошт, ғундоштаму бори баста кардам. Ва ба сари бозор шитофтам. Хуморро вохӯрдам, ки дар дарвозахонаи бибии модариаш ҳамроҳи духтарчаҳо сангҷабозӣ мекард.

— Амакҷон, — аз роҳ боздошт маро. Борро сари роҳ мондаму Хуморро ба оғӯш кашидам.

— Ба донишгоҳатон меравед? Ду моҳ меистам, гуфта будед-ку... Боз кай меоед?

— Меоям. Меоям, аз ин ҷо дил канда мешавад магар... Фақат кай? Инашро намедонам. Хайр!

Сабукраве дар қади роҳ интизори мусофир буд. Ба мошин нишастаму гуфтам:

— Рафтем, пули чор касро худам медиҳам.

Пас аз дақиқае суроби Хумор, ки даст меафшонд, аз назар ғоиб шуд. Мошин бо суръати тез пеш мерафт.

КОШ, БАРФАК БУДАМЕ...
Ангораҳои солинавӣ

Барф борид, беҳисобу бешумора, лак-лак борид. Ман намехоҳам сарро зери чатр кашам, балки мехоҳам ба гардунҳо пар кашам! Ва дигарбора ба зарраҳои лак андар лаке табдил ёбам, ки пари қуро мемонанд ва сабук ба парвоз оям. Мехоҳам маънои арзу тӯлро аз ёд барорам ва

пешина
аз 208
навбатӣ