Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

— Чаро хомӯшӣ?
— Ман назди ту гунаҳгор, Шариф.
— Чӣ хел?
— Як чизакат дар ман.
— Чӣ будааст вай?
— Ҳамон рӯз расматро нигоҳ дошта будам. Наханд. Бубахш. Туро ғам додам. Хайр, ман меравам.
— Боз кай меоӣ?
— ...
— Дигар намеоӣ? Истам! Истам! Иста-а-ам!»

Як лаҳза худамро гум кардам. Нафаспеч шуда будам, дилам гурс-гурс мезад. Як табақи тиреза беист кушодаву пӯшида мешуд. Ба гӯш садои шамолу шир-шири борон мерасид. Мизони вақтро гум карда будам. Янгаам паси тиреза рафтуо дошт.

Рӯйи ҳавлӣ баромадам. Боду борон бӯҳси диламро зиёд кард. Хонагиҳо кайҳо ношто карда, аз пайи кору борашон рафта буданд. Янгаам ба ман беэътиборӣ мекард. Чигот андохта буд.

Оҳиста-оҳиста кӯча баромадам. Деҳа гӯё холӣ буд. Обишир туғён дошт, оҳанги дили ман мекард. Шамоли рӯдбору нам-нами риштаборон тасфи диламро паст карда наметавонист. Таънаву маломати бародарам ҳанӯз дар паси гӯшам садо медод, пеши назарам нигоҳи бегонаавзои янгаам. Худамро танҳои танҳо ҳис мекардаму хориам меомад.

Ба Сойбозор фаромадам. Хостам бо Истам вохӯрам. Чодири сурх ку? Лӯлиён куҷо шуданд? Охир, Истам ваъдаи дидор карда буд... Не, вай маро надида рафта наметавонист. Бо ҳар роҳ маро меёфт.

Аз пушти анбуҳи буттаҳои ангат ва раддаи шамшодҳои соҳили наҳраки тезоб чодири алвони дигар ба чашм намерасид. Вале ман ба фирори кӯчиён ҳаргиз бовар кардан намехостам. Манзили собиқи лӯлиён бесару сомон буд: қуттиҳои тунукагӣ, ки аз онҳо Ширҳони чӯгӣ сурнайчаву гӯшвораву дастпонаҳо месохт, шишаҳои чиркину лабшикаста ҳар сӯ паҳну парешон мехуфтанд.

пешина
аз 208
навбатӣ