Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Бебода маст шуда, дигар масти хобхоҳ.
«Чун нақши ғам зи дур бибинӣ, шароб хоҳ,
Ташхис кардаему мудово мукаррар аст.»
Ай дилрабо, ки ҳусн зи маҳи шаб гирифтӣ
В-он нури чашми худ зи кавкаб гирифтӣ,
Лаб бар лабат гузоштам, таб гирифтӣ.
«Эй нозанин санам, чӣ мазҳаб гирифтӣ,
К-ат хуни мо ҳалолтар аз шири модар аст?»
Ин Оби Раҳмат109 аст, чӣ обе ба пойи ӯст?
Ин обрӯйи мост, ки раҳмат зи роҳи Дӯст,
Чун об рӯшанист, чу дору барои туст,
«Фарқ аст аз оби Хизр, ки зулмот ҷойи ӯст,
То оби мо, ки манбааш Аллоҳу акбар аст!..»
Афлок дуррпош ба фарқ зи силки ту,
Ин сафҳа нурпош зи хуршеди пилки ту,
Африштагон шуда нигаҳдори милки ту,
«Ҳофиз, чӣ турфа шоҳи наботест килки ту,
К-аш мева дилпазиртар аз шаҳду шақкар аст.»
Истам чашм пӯшида буду аз шунидани мухаммас кайф мебурд. Ман метавонистам ҳамагӣ ду қадам ба пеш гузораму дар бараш бошам, то бо таъми як бӯса ҳалво даҳон ширин кунам. Аммо ...
— Истам! - шунида шуд овози пурҳашми Ширхони чӯгӣ.
Духтар бо ду ҷаҳиш дар як он аз назар ғоиб гардид.
— Ҳой, хез, сағи дайду, хез мегӯям!
Аз ҷоям ҷаста хестам. Ман бародарамро ҳеҷ гоҳ дар ин сурат надида будам. Ранги рӯяш сап-сафед канда, лабонаш пир-пир мепариданд.
— Чӣ гап, ако?
109 Оби Раҳмат - мавзеи хушобу ҳаво дар Самарқанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё