Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ту дар бораи лӯлиҳо бисёр байт медонӣ?
— Чӣ гӯям ба ту... Шоирон барои ифодаи хӯю хислати маъшуқаи бебоку ҷасур, шириншамоили саркаш маҷозан аз ин вожа истифода мебаранд. Масалан, Хоҷа Ҳофиз байти маъруфе дорад:
Фиғон, к-ин лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони Яғморо.

Аз адабиёти ҳазорсолаи мо бо истифодаи вожагони «лӯлӣ», «лӯливаш», «лӯлисон», «лӯлии шириншамоил» садҳо ғазал ёфтан мумкин. Лекин, ба хаёли ман, ин мавзӯи таҳқиқношуда аст. Ҳоло дар насри тоҷик қиссаву ҳикояҳое мавҷуданд, ки қаҳрамонашон сирф ҷӯгиёнанд.
— Шунидаам. Сардор-муаллим гуфта буд. Гуфта буд, ки нависандааш... ҳозир... ҳозир ба хотирам мебиёрам...
— Сорбон.
— Бале, худи худакаш. Агар ин китоба ёфта медодӣ, худам мехондам.
— Аввал ту ба донишгоҳ дохил шав. Охир, бе тайёрӣ ба донишҷӯӣ шудан аз имкон берун аст.
— Гуфти ту шавад. Аммо мехостам, ки дар аввали суҳбат хондагӣ шеърата як бори дигар хонӣ.
— Тарсам, ин дафъа ҳаққорате шунавам, ки аз «буққаи бешоҳбанд» дида сахттар бошад.
— Метарсидагӣ бошӣ, аз ман дуртарак истода, боадабона шеър хон,— худи Истам аз пайроҳаи борик як зина боло баромада фармон дод:
— Хон акун!
— Ба чашм! — шӯхиомез таъзим кардам ман.
Чун қомати расои ту дар баҳру дар бар аст,
Сад сарв чокар асту ғуломат санавбар аст.
Густарда хон ба пешат, бин, гулбашаккар аст,
«Боғи маро чӣ ҳоҷати сарву санавбар аст,
Шамшоди хонапарвари мо аз кӣ камтар аст?»

Дил ташнаи шароб шуда, бингар, рубобхоҳ,
Ҷойи шароб лӯливаши мо майобхоҳ,

пешина
аз 208
навбатӣ