Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
маълум? Хабаркаш кист? Тавба, ман ба хона нарасида, ғайбатгаре кайҳо кори худро анҷом додагӣ барин-ку.
— Чаро имрӯз якбора ин қиссаро ба хотир овардед?
— То ту донӣ, ки ҷӯгидухтар ҳаргиз ба фарзанди мусулмон раво нест.
— Шумо чӣҳо мегӯед? Чаро равшантар гап намезанед?
— Ту хурд нестӣ, Шарифҷон, Ҳама гап ба худат аён. Шӯхӣ-шӯхӣ сари моро ҳам накунӣ, мегӯям. Охир, касеро, ки ба ҷӯгӣ наздикӣ мекунад, ҳафт пушташ ҳаром, мегӯянд.
— Аҷаб содаед. Ин гапҳоро мардум барои паст задани ин қавм бофта баромадаанд...
— Тавба, ба ин бача гап зану гап шунав! — оҳанги ситеза дошт суханони янгаам.
Маро ҳеҷ хоб намебурд. Ин чӣ гап? Ман чӣ ҳаракати ноҷо кардам, ки апаи Иноятам ташвиш мекашад? Магар бо духтараке, ки дар росткорӣ ҳатто муқобили падар истода метавонад, чанд сухан раду бадал кардан гуноҳ аст? Бечораи ин мардум аз чӣ ба таҳқири дигарон дучоранд?
«— Шарифҷон, медонӣ, ки мо чаро дарбадарем, дар як ҷо қарор намегирем?
— Шунидаам, ки вақте Офаридгор рӯзӣ тақсим мекард, лӯлиён ба ин маърака ақиб мондаанд. Қисмати ками насиба монда будааст, ки ба ин халқи сернуфус басанда набудааст. Худованд як мушт ризкро ба сари оламиён пошида, ба бенасибоҳу «ҷӯо гир» гуфтааст. Аз он рӯз ҷӯгиён аз паси ризқу рӯзии ҷошу пошашон дар тамоми ҷаҳон овораанд.
— Вале бибии раҳматиам ба ман қисса карда буд, ки аҷдоди мо аз Мултони Ҳиндустони афсонавӣ будаанд. Халқи он сарзамини бостонӣ чолоку зирак, ҳозирҷавобу ҳунарманд ва раққосу суханпардоз мешаванд. Дар ҳар як хонадони мултонӣ камаш ҳашт-даҳ фарзанд ба дунё меомадааст. Табиист, ки хӯрондану пӯшондани оилаи калон кори осон нест. Нодореро зиндагӣ зӯр омадааст магар, ки дар ҷустуҷӯйи зиндагии обод рахти сафар бастааст. Дар як аробаи шалақ ҳам зану фарзанд, ҳам локу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё