Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

доду фарёди дигаронро пахш мекард, — О, қоида, ба одамоне, ки ба ин касбу кор якум бор даст мезананд, сабукӣ метиян. Ман якумин муаллим аз авлоди мугамҳо ҳастам. Вақте ба донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шудам, ҳарчанд ки номам Сардор бошад ҳам, каллаам чандон мағз надошт, яъне, балоя намедонистам. Дар имтиҳони забони русӣ худи Успенская «Первая ласточка» гуфта, ба ман баҳои аъло гузошта буд. Ҳо, ана, вая намояндаи ҳақиқии миллати бузург гӯйӣ, мешад, — гилаомез гуфт Сардор-муаллим ва оҳанги нутқашро як парда баландтар бардошт:

— Бас, ба ҷон расид! Мо Тайлоқа бо азобе розӣ кунондем, ки мактаби шофирӣ хонад. Ана, имрӯз шон (ба нозир ишора мекард мард) вая аз имтиҳон ғалтондаанд!

— Ҳеҳ, вай кайҳо аз имтиҳони мо гузаштагӣ.

— Чандин бор мошини ҷӯгиён ба деҳаҳои гирду атроф рафта омад, ту ғами вая нахӯр, мошин ронда метанонад!

— Ҳо, метанонад! Метонад! — баробар дод мезад издиҳом.

Ҷавонмарди рус бо овози паст чизе гуфт.

— Чӣ-й! Ту ба Сардор-муаллим бовар намекунӣ?! Вай фол намекушод, дидаву донистагиша мегӯд. Тайлоқ шофири тапа-тайёр. Фақат ҳуҷҷаташа нависта метийию бас! Ана он вақт ҷонат аз мо халос.

— Бале, ҳуҷҷат нависта те! Ини мо даҳта не. Тайлоқ якта! — баробар талаб карданд ҷӯгиён ва Андрейро ба идора гирифта дароварданд.


Янгаам маро баъд аз хӯроки шом дарун даъват кард. Аз чизе парешон менамуд.

— Чӣ шуд, апа?

— Ман аз ту чизеро пурсидани, Шарифҷон.

— Марҳамат.

— Ту қиссаи Лӯ ва Лиро ҳеҷ шунидай? Набошад, гӯш дор. Лӯ ва Лӣ ду додару хоҳар буданд. Онҳо...

Ин чӣ гап? Янгаам бо чӣ мақсад ба қиссагӯйӣ сар кард? Вай аз чӣ дар ташвиш аст? Наход, дар Сойбозор бо лӯлидухтар соате гуфтугӯ карданамон аллакай ба ӯ

пешина
аз 208
навбатӣ