Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳанғам канд. Бо як даст ҳуҷҷатҳоямро мегирифтаму бо дасти дигар кисаи холиамо медоштам. Аҷаб, ҳуҷҷатҳои ман кай ба дасти ин духтар афтод? Ҳмм... Вай навак аз номи падараш узр хост. Наход, мардак... Гуфтам-а, чаро чӯгӣ якбора нарм шуд?.. Падаркусур ба ивази як «нағзӣ» сад чизи дигар бурдани будааст

Ҳуҷҷатҳоямро аз назар гузаронидам.
— Ҳамаш ҳаст?
— Бале.
— Дурусттар бин.
— Нобуди чанд сӯмаки гумшуда. Барои ҳуҷҷатҳо ташаккур. Миннатдорам.
— Ман ҳуҷҷатҳоятро наёфтаам-ку. Вақте унҳоро аз таги болини падарам гирифтам, дар байнашон пул набуд...
— Биё, мон ин гапҳоро. Муҳимаш, ҳуҷҷатҳо гум нашуданд.
— Минбаъд ҳушёр бош.

Ман ба чашмони духтарак зеҳн мондам.
— Чаро ту ин тавр кардӣ?
Саволам ноҷо намуд, ки шӯрид:
— Магар мо ҳақ чиву ноҳақ чӣ, дарк намекунем? Аз авлоди чӯгиён милиса ҳам ҳаст.

Аз афти кор, ҷумлаи охиринашро ба ҳақшиносии қабилаи хеш далел пеш меовард. Сахт хандидам.
— Чӣ механдӣ?
— Духтур ҳам доред?
— Дорем. Вай зани амаки Рамат. Аз Русия овардагӣ.
— Артист доред?
— Дорем. Номаш — Илёс. Писари амаки Рамати Маддоҳу холаи Марусия. Вай аввал дар тӯю маъракаҳо ном баровардааст. Раккоси зӯр-дия. Сонӣ, модараш урус не-мӣ, роҳу равиш ёфта Илёса ба Душанбе мактаби артисто бурда мондагӣ. Расоям бачаи хушрӯ-дия. Ду бор зан гирифтагӣ. Як бор намедонам, урус бошад, Жоле гуфтани овозхона гирифтагӣ. Лекин вай иқаям урусба монанд не. Тоҷики тапа-тайёр, мегӯйӣ. Расо зӯр механад-ку. Аммо нашуд аз сиёқ, дуюм бор духтари амаки

пешина
аз 208
навбатӣ