Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Марҳамати хирсбоза гирифт. Номаш – Лочин. Мегӯянд, аз ҳамон рӯзе, ки Илёс Лочина гирифт, ба хонааш баракат даромадааст. Пештар ба хонаи вай ҳеҷ кас намерафт. Жоле рӯйхуш намедодааст. Ҳозир ба рӯйи хурду калони авлод дараш кушодагӣ. Агар меҳмонат ҷӯгӣ бошад, дар ҳақиқат, вай атои Худо. Чунки хӯрчини лулӣ ҳиҷ вақт холӣ не, мегӯяд падарам. Писари Рамати Маддох дар вазорат кор кунад ҳам, якаш ду набуд, мана, ба пою қадами Лочин ҳамеша ба хонааш хӯрчин-хӯрчин нону кулча медарояд, мегӯянд мардум.
Ман риштаи суханро боз ба мавзӯи аввала кашидам:
– Аз қавми шумо муаллим ҳаст?
– Ҳаст. Сардор-муаллим. Вай аз тоҷикҳо дида хубтар дарс медиҳад. Дарсро бо забони худамон медиҳад. Зӯр мефаҳмонад.
– ...?
– Масалан, намегӯяд, ки «об», мегӯяд, ки «маёб». Намегӯяд, ки «нон», мегӯяд, ки «ҳарсет». Намегӯяд, ки «ин ҷо биё», мегӯяд, ки «индак варс!»
Муаллими мо розӣ нест, ки дар шиносномаҳо қавми моро «тоҷик» навистагианд. «Мо – на тоҷику на лӯлию на ҷӯгӣ! Мо – муғам!» – мегӯяд.
– О, баъзеатон худро «косатарошон» мегӯед-ку?
– Тӯба гӯй. «Косатарош» номи қавм не, номи касби як гурӯҳи моён.
– Сардор-муаллим насаб дорад?
Зимнан фаҳмид, ки ман гӯлпурсӣ мекунам. Даст афшонд. Духтарак қаҳр карда буд. Ҳамин дам овози занонае ба гӯш расид: «Истам, хо-о, Истам!»
Духтарак бе хайрухуш тозон фаромада рафт. Духтараки ғалатӣ будааст Истам. Вайро чӣ маҷбур карда бошад, ки дуздии падарашро назди шахси бегона ошкор кунад?
Ман аз паси лӯлидухтар нигоҳ мекардам ва беихтиёр ҳар чизеро, ки дар ҳаққи ин қавми сарҳуй дидаву шунидаам, аз лавҳи хотир варақгардон мекардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё