Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

мондааст, нишастам. Ин иншоот аз он вақт, ки аз нерӯгоҳи пуриқтидор қувваи барқи баландшиддат расид, матрук шудааст. Аз миён бисту панҷ-сӣ сол гузашта бошад ҳам, ба ин иншооти хурд боду борон чандон таъсир нарасондааст.

Яке ба гӯшам садои нарм-нарм погузорӣ ва хиширроси либос расид. Аҷабо, лӯлидухтар ин ҷо чӣ кор мекунад? Вай рост тарафи ман меомад.

  • Салом!

Рости гап, каме ҳиҷил шудам, ки аз ман пеш салом кард.

  • Мумкин наздат шинам?

  • Бемалол.

Ман чунон вонамуд мекардам, ки ҳузури ӯ бароям фарқе надорад. Мазмун, рафторам ба вай маъқул набуд, ки беқарорӣ мекард: сангҳои зери пояшро як-як чида, ба пастӣ ҳаво медод, тез-тез гулӯ меафшонд. Ман оҳиста зери чашм ба ӯ менигаристам. Шайтон-е, вай ҳам дуздида нигоҳ мекардааст. Хандид.

  • Чаро механдӣ?

  • Худат-чӣ?

  • Ин ҷо чӣ кор мекунӣ?

  • Аз паси ту омадам.

  • Омадӣ, ки пули мондагии лабчангро рӯёнӣ?

  • Ин чӣ гапе, ки ту мегӯӣ?! Ман... ман магар гунаҳгорам? Охир, падарам... Аз ҷониби ӯ, ба ҳар ҳол, аз ту узр мепурсам.

Аз гапҳои берабти духтарак чизе намефаҳмидам.

  • Чӣ хел узр? Охир, падарат ба ман лабчангро арзон фурӯхт, ту аз ин норозӣ будӣ...

  • Пас ту хабар надорӣ...

  • Аз чӣ?

  • Эҳ, ту чӣ хел баҷаи лабкашол будай, боз шон - донишҷӯӣ. Дар рӯзи равшан дар зодгоҳи худат кисаатро буранд, намефаҳмию дар шаҳр...

  • Чиҳо мегӯйӣ, духтарак? Аз куҷо медонӣ, ки ман донишҷӯӣ ҳастам?

  • Ма, бигир, бисотата.

пешина
аз 208
навбатӣ