Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
- Хайр, биё, писар, ба ту як нағзӣ кунам. Аз чӣ бошад, ки вазъи мард дигар шуд, - ин аҷаб духтарчаи дӯстрӯ будааст-дия.
Вай се сӯми дарозкардаамро гирифта:
-
Як сӯмаш кифоя, бигир зиёдатиша. Ба Ширхони аттор ҳаққи мардум намефорад, - гӯён бақияи пулро ба кисаам худаш андохт, ки ман аз вай ҳаргиз инро интизор набудам. Ташаккургӯён ақиб гаштам.
-
Додо, ин чӣ кори кардагиат?! — сахт карда гуфт касе. Ба онҳо нигаристам. Муқобили чӯтӣ духтараш меистод.
-
Чим исто, лаънатӣ!
Савдогар ба сари асп тозиёна бардошт.
Хурсандии Ҳумор беандоза буд. Янгаам ҳам якзайл шодӣ мекард, гӯйё ман ба духтари ӯ шаҳре гирифта дода бошам.
-
Ку, ба ман бите, - вай аз Ҳумор лабчангро гирифту чунон моҳирона ба навохтан даромад, ки! Вуҷудамро оромии аҷоибе фаро гирифт. Роҳат кардам. Дар ҳақиқат, ягон асбоби дигари мусиқӣ ин оҳанги дилфиребро дода наметавонад.
-
Акнун худат навоз-чӣ, Ҳуморҷон, лекин дигар инашро гум накун. Кӣ медонад, ки чӯтӣ ба тарафҳои мо боз кай меояд.
Духтарак ба нағмапардозӣ шурӯъ кард.
- Биё, биё, лӯбиё,
Духтарова шӯ биё, - шӯхиомез ба оҳанг чӯр шуд янгаам. Ҳумор хандакунон ба кӯча тохт.
Бегоҳии ҳамон рӯз ба мақсади гардиш кардан тарафи сой равон шудам. Ҳар гоҳ ки ба деҳа меоям, қувваи ниҳоне маро ин ҷо мекашад. Сабаб чӣ бошад, ки ин мавзеъро Сойбозор ном мебаранд. Ман тасаввур карда наметавонам, ин мавзеи хилват, ки як тараф рӯдаки шӯҳсе ҷорӣ мегардаду тарафи дигар дараи сабзу хуррам назаррабоӣ мекунад, замоне макони хариду фурӯши мардум бошад. Ин ҷо тамоми сол - дувоздаҳ моҳ садои хониши мурғони гуногун қатъ намегардад. Болотар аз Санги навишта рӯйи таҳкурсии ниругоҳи хурди барқии обие, ки кайҳо аз кор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё