Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан— Гард-чӣ, - бо умеди он, ки шояд илоҷе карда аз ҷӯгӣ лабҷанг харида тавонам, ба кӯча баромадам. Дар ҳамгашти роҳ савдо дар тасф буд. Бачаҳо сурнаю пуфакҳояшонро ба якдигар сӯз медоданд. Занҳо баробар манаҳ мезаданду колои марди тоҷирро тагу рӯ мекарданд:
- Амак ранг доред?
- Дорам.
- Чӣ хелаш?
- Ба ғайр аз ранги сафед.
- Ҳой, амак, пилтаи чароғ-чӣ?
Аҷаб мардуманд рустоиҳои мо. Ҳамаи ҳамин чизҳо дар магазин чанг зер карда мехобаду... - Амакҷон, ана, лабҷанг:
Хумор аз дастам кашида, ба кунҷаки ароба ишора кард. - Лабҷанг чизи дигар, аз магазин ёфтан душвор, - зери лаб гуфтам ман.
- Чӣ гуфтед, амак?
- Ҳичӣ не. Мегӯям, барои ту лабҷанг гирифтан даркор.
Мардум як-як пароканда мешуданд. Аттор ҳамроҳи духтараш чизу чораашро ҷо ба ҷо кардан гирифт. - Амак, лабҷанг доред?
- Лабҷанг? Ҳа, чангқавуз гӯй. Бале, дорам.
Ӯ чанд лабҷангро ба дастам дод. Якеро интихоб кардам ва пул дароз кардам. - Не-не, намешад. Ман бо пул савдо намекунам, ҷавони нағз. Ба ман шиша даркор. Ин тараф бите чангқавуза.
- Не нагӯед, амак, духтарча хафа нашавад.
- Ҳе, ту чӣ хел одам будай. Не, гуфтам-ку. Ман ҳам пилон дорам. Бифаҳм, охир. Ба капаратуф месупорам. Бите гуфтам чангқавуза. Рав-рав, намешад.
Ман пулро ба кисаи сарисинагиам андохта истода: - Зиқ нашав, Хумор. Ман аз шаҳр ба ту лабҷанги кори калон меорам. Ин лабҷанг он қадар нағз набудааст, - гуфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё