Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
Ба гапи аммаам бовар мекардам, зеро янгаам куҷое равад, барои ман ҳадяе меовард. Гоҳо аз акаам чанд танга гирифта медод, ки сари бозор рафта, катагӣ кунам. Ҳар саҳарӣ аз дастам дошта, ба кӯдакистон мебурд. Ман ба роҳи ӯ ҳар бегоҳ дар рӯйи ҳавлии кӯдакистон интизор мешудам. Вай ҳангоми аз кори саҳро баргаштан ҳамроҳаш марс ба хона меовард. Дар роҳ одатан мепурсид, ки «Шарифҷон, имрӯз дар боғча чӣ бозиҳо кардӣ? Чиҳо хӯрдӣ? Ягон шеъри нав ёд гирифтӣ? Ягон кас назад? Мураббия ҷанг накард?» Ман ба ҳамаи саволҳои янгаам ҷавоб медодам, лекин ҳаргиз намегуфтам, ки фалонӣ зад ё ҷанг кард. Чунки янгаам қасам мехӯрд, ки агар туро касе занад, ман гӯшашро шарта бурида, ба пеши пишак мепартоям. Ман ба гапи янгаам бовар мекардам. Чунки борҳо дидаам, ки дар ошхона ҳангоми хӯрокпазӣ аз гӯшт ғадуду рагу пайвандашро бо корди тез шартай бурида, ба пеши гурба партофтааст. Ман намехостам, ки ҷӯраам Қобил ва ё мураббияҳолаи Саидабону бегӯш монанд. Охир, ман ҳамаро дӯст медоштам.
Дирӯз пас аз супоридани имтиҳонот ба таътил баромадам. Дар роҳ ҷӯгии аробадорро дида, хоҳу нохоҳ бачагиам ба ёдам омад. Дилам гум зад. Хаёлам, ки ман аз нав кӯдак шудам, бо бачаҳои побараҳнаи деҳ ҷанги кӯчаро ба фалак хезонда, аз паси ҷӯгиҳо метохтам:
— Ҳой, лӯлӣ, лӯлӣ, лӯлӣ! Дар хӯрчинат чӣ дорӣ?
— Ҳо-о, шона, ойна, сӯзани мошина! Ҳо-о!!! — гӯиё дар ҷавоби нидои бачагии ман овози ҷӯгимарди аттор аз дуртар садо дод. Ҳамин дам дари кӯчаро сахт тела дода, ҷиянам Ҳумор давида омад.
— Амакҷон, лӯлӣ омад!
— Шунидам. Чӣ буд?
— Вай лабҷанг ҳам дорад.
— Харида диҳам?
— Намефурӯшад, охир. Бо шиша иваз мекунад. Мо шишаи арак надорем. Шишаи равған ҳасту лабаш паридагӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё