Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
фаромад, чӯгизанакҳои асобадасту хӯрчинбакитф бо бачаву качаашон дар кӯчаҳои деҳа пайдо мешуданд. Чӣ мардуми хираву берӯ буданд ин хӯрчинбакитфон. Аз онҳо ба осонӣ халос хӯрдан намешуд. «Худо имсол ҳосила фаровон дод, бигӯ, чойнаки чинӣ мехоҳӣ, ё косаву табак? Ба ивазаш? Нахо аспу шутур пурсам, ана, ҳамин симэлака аз қоқ пур кунӣ, шуд-дия», — бепарво парвезанеро, ки бемуҳобо, чени тағора чиз мебурд, нишон медоданд. Кадбонувонро ваҳми бо ғӯлинг пур кардани ин зарфи на он қадар хурд аз савдо бозмедошт. Сипас роҳи дигари пулёбӣ ба кор бурда мешуд. «Фолат мебинам. Дида истодаам, вуҷудат ба ҷоду печида. Қорат пеш намеравад. Касе ҳаст, ки туя ба шӯят, ба элу авлоди шӯят шумрӯ мекунад, - як ҳамёза кашида, боз гапашонро давом медоданд: - вой-войе, бор доштай, ҷони ман, ки бошӣ...», — ба дили занони сода ваҳму тарс андохтай мешуданд онҳо. Агар диданд, ки нашуд, «Хайр, дугонаҷон, ба даргоҳат бо умед омадем, ноумед гусел накун, ки дари хайру саховат ба рӯят баста гардад. Биё, аз барои баччу каччат, баҳри дафъи балову қазо хайре бикун», — гӯён дурусттар чорзону мезаданд. Кадбону ноилоҷ мемонд. Як табакча қанд, дуто нон ё чанд гард ҷойи хушк мебахшидашон.
Одатан, ба бачаҳои сип-сиёҳи онҳо менигаристаму яқинан бовар мекардам, ки маро аз хӯрчини лӯлӣ ба ивази чакса106 сабӯс нахаридаанд. Охир, ман ба гуфтаи аммаам, як коса қаймоқ барин сап-сафеду бомаза.
— Зиқ нашав, Иноят туро додарвор дӯст медорад. Дӯст медораду ба ғашат мерасад. Вақте янгаат ба ин хонадон арӯс шуда омад, ҳамагӣ яксола будӣ. Аз дасти бибии маъюбу пират коре намеомад. Падарат рӯз то бегоҳ дар кори саҳро буду аз ин хона худро канор мегирифт. Охир, мардҳо дар пеши дарду ғам тез таслим мешаванд. Ҳуллас, ҳамин Иноят буд, ки туро фарзандвор калон кард. Ҳама ӯро апаи калони Шарифҷон мегӯянд. Одам аз апаи худаш намеранҷад, фаҳмидӣ?
106 Чақса - ченаки орду равған барин маҳсулот.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё