Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
— Ош шавад, бачам, даҳ сӯм ҳаққи қаламатон.
— Даҳ сӯм? Воҳима накунед, як сӯм гӯед.
— Гуфти шумо шавад, бачам. Мо одамойи қадим-дия. Лекин дар вақташ ҳамин пуле, ки шумо як сӯм мегӯед, қадри даҳ сӯмро дошт, бачам. Ҳозир бошад, даҳтояк нон медиҳад. Ба ҳаминаш ҳам шукр.
Ҳамин тавр, онҳо ҳар моҳ тақрибан дар ҳамин мазмун радду бадал мекарданд, шикоят мекарданд, шукргузор ҳам мешуданд.
Рӯзе (ин хеле дертар, вақти дар синфи сеюм хонданам рух дода буд) бо ёрии ҷадвали зарб нафақапулии модаркалонро ҳисобу китоб кардам. Медонед, бибии ман соле чанд сӯм нафақа мегирифтааст? Як саду чилу чаҳор сӯм! 25 Аммо холаи Бибикалон ҳар моҳ як сӯмӣ хизматона меситонад. Агар дувоздаҳ сӯми хизматонаро аз як саду чилу чаҳор кам кунем, мешавад як саду сиву ду сӯм. Яъне, модаркалони ман дар як сол ёздаҳ моҳ нафақа мегираду як моҳ не.
— Ин хел нагӯй, доруҷон. Одатан одам дар ҳаққи одамойи ҳалол гумони бад намекунад. Ман ҳар моҳ бетанаффус як саду бист сӯмӣ 26 нафақа мегирам.
— Бибиҷон, ман акнун имзо монда метавонам. Ба ҳуҷҷати нафақаатон худам имзо гузорам?
— Чиба?
— Ун вақт холаи Бибикалон хизматона талаб намекунад.
— Ту худат кию ба ҳуҷҷати давлат даст мунданат чӣ? Аввало, Бибикалон зани босавод. Вай чанд вақт дар мактаб муаллима ҳам буд, бинобар ин, ӯ ба коғази давлат беғалат, хушрӯ даст мемунад. Ҳа, ҳуҷҷати давлат ҳазла намебардорад. Дувум, ман бо ин роҳ закоти моли худамро
24 Хола — хоҳари модар; ин ҷо ба маънои эҳтироми бонуи бузургсол омада.
25 Қимати пули барориши соли 1961 дар назар аст.
26 Солхӯрдагон пулро дергоҳ аз рӯйи қимати пешина ҳисоб мекарданд. Яъне, онҳо бекурбшавии пулро тан гирифтан намехостанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё