Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ба як зани камбизоат мебахшам, ки айни савоб аст. Дар ин бора дигар лаб накушо, хуб?
Ман ба маънои «фаҳмидам» сар ҷунбонидам. Вале дар дил мегуфтам: «Бибиам, ки худаш савод надорад, маро ҳам бесавод гумон мекунад...»
Аммо бобои Мулло Ҷалолам одами саводнок. Он кас ҳам саводи куҳна27 доранду ҳам саводи нав. Ман ҳар чизеро, ки нафаҳмам, аз бобоям мепурсам. Масалан, он кас ба ман фарқи солшумории куҳнаю навро фаҳмониданд. Ман акнун ҳисоби мучалро ҳам медонам.
Модарҷон, воқеан, ҳанӯз намедонам, ки ман ҳастии хешро кай дарк кардаам. Ҳезумравон пеш буд ё арӯсӣ? Модаркалон мегӯяд, ки соли тӯй тағоҳоям ҳашари ҳезумравон ташкил накарда буданд. Пас, соле пеш аз арӯсӣ. Вале ба гумонам, ин ҳар ду рӯйдоди як рӯз буд, зеро дигар рӯзҳо ба ёдам нестанд. Наҳо, дар давоми як сол воқеаи хотирмоне рух назада бошад?
Он рӯз хонаи мо даробаро буд. Ба ману апаам куртаҳои сатини сурх пӯшониданд, ки зани тағоям дӯхта буд. Кӯдакону зану мардони зиёд омаданд. Шӯрбою палав пухтем. Аслан, ман намедонистам, ин чӣ маросимест, зеро на доираву тунбак, на карнаю сурнай садо медод, на рақсу бозӣ мекарданд. Кадоме маро ба кунче кашида гуфт:
– Медонӣ, ки шаб очаатро мебаранд?
– Куҷо?
– Ба ҷойи дур.
– Чиба?
– Охир, очаат шӯй мекунад, бефаҳм!
Оҳ, ман чӣ қадарҳо хурсанд шудам, ки!... Чӣ хел нағз! Модарам шавҳар мекунад. Пас, ман падардор мешавам.
27 Он айём ашхосеро, ки танҳо бо хати ниёкон шинос буданд, куҳнасавод мегуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё