Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ғӯзапоя ҳам оварда буданд. Аз ин рӯ, он тирамоҳ ҳезумравон ташкил накардем. Он сол соли муш буд.
«Аҷаб кампираки содаест бибии ман. Намедонад, ки кай ба дунё омадаасту чанд сол дорад, — аз дил мегузарондам ман, — вагарна намегуфт, ки соли муш, вақти зардолупаз ба дунё омадааму се бисту панҷ сол дорам.» Вай синни фарзандону наберагонашро ҳам ҳамин хел ҳисоб мекард. Вале ман аз ин ҳисобу китоб чизе намефаҳмидам. Аз рӯйи ҳисоби модаркалон, тағойи Абдулаҳдам, хоҳарбузургам ва додараки навзодам ҳама дар соли наҳанг таваллуд ёфтаанд. Вале тағоям марди калон, хоҳарбузургам дар синфи шашум мехонад, додаракам бошад, тифли момузӣ. Ёбеду гиред. Кӣ бовар мекунад, ки онҳо ҳама дар як сол ба дунё омадаанд?
— Шумо одамои нав, — мегуфт ӯ, — мо, одамои кӯҳна, солшумории урусия намедонем.
— Ман фаҳмиданӣ, ки...
— Чия фаҳмиданӣ? Саводе надорам, ки фаҳмонам.
Рост мегӯяд модаркалон. Ӯ чизеро фаҳмонидан наметавонад. Ман мисли вай бесавод мондан намехоҳам. Азобе, ки ӯ дорад... Гирем, пӯшидачии деҳа холаи Бибикалон моҳе як маротиба пули нафақаи бознишастагии модаркалонро, ки ба гуфти худаш, як саду бист сӯм аст, меорад. Аммо бибии ман дар баргаи расид имзо гузошта наметавонад. Аз ин рӯ, аз холаи пӯшидачӣ илтиҷо мекунад:
— Бибикалони ҷон, да пеши потон мурам, худатон даст мунеду ҳаққи хизмататона гиред.
Холаи пӯшидачӣ худаш имзо мекунад ва ёздаҳ сӯм шумурда ба дасти модаркалон медиҳаду мегӯяд:
— Хола, хизматонааш як сӯм.
19 Се бисту панҷ – яъне, шасту панҷ.
20 Тифли момузӣ – навзод, тифли парпеч.
21 Урусӣ – русӣ.
22 Пӯшида – дар лаҳҷаи мардуми русто ба маънои “почта” ё хизмати барид (пуст).
23 Даст мондан, яъне, имзо гузоштан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё