Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Парер омада будӣ? Парер, яъне, ду рӯз пеш буд, - модаркалон ду ангушташро нишон медод, - имрӯз катӣ се рӯ-ӯ-ӯз! - ва ин дафъа се ангушташро рост мекард.

  • Майлаш, ман хато кардам, ҳисоби худат дуруст, - модарам розӣ мешуд. Дигар бехато ҳар рӯз ду бор мебиём. Биё, қаҳр накун, канӣ, оштӣ шавем.

Модарам дастовезашро ба модар медод ва ҳар ду ҳамдигарро ба канор мекашиданд. Бибиям бо табассуми латифе чун ҳамеша ҷигарбандашро навозиш мекард:
Духтар гули бунафша,
Тамошо кун ҳуснаша!

Бибиям бонавбат ба хонаи фарзандонаш меҳмон ҳам мешуд, аммо зуд бармегашт. Ба гуфти худаш, хонумони беш аз панҷоҳсолаашро ба ягон ҷоҳу ҷалол ва ягон сарвати дунё иваз кардан намехост. «Ба дили одам хонаи худашу нони гандум намезанаду бас», - мегуфт ӯ.

Гоҳо модаркалонро ғанаб мебурд. Вақте чашм мекушоду саргираки «гули бунафша»-ашро дар шохаи қаҷаки биҳӣ медид, дилаш ором мегирифту боз сар ба болин мегузошт.

Замоне ҳам даррасид, ки дигар ҳаргиз саргираки модарам дар шохаи биҳӣ овехта намешуд... Баъд аз ин он шохаи хушки биҳӣ ягона «ҳамсуҳбат»-и бибиҷони ғамзадаи ман гардида буд. Модаркалон он дарахтро ба ҷойи духтараш қабул карда буд магар, ки аз тамоми азоби ҷисмонию равонии худ ба вай ҳисса мекард. Мегуфту мегирист, мегиристу мегуфт... Тағои Бобомӯсоям модарро насиҳат мекард: «Сабру таҳаммул кун, бибиҷон.» Аммо бибии ман беҳтар аз он биҳии қадрдон ҳамсуҳбати дилхоҳу дилогоҳу сабур аз куҷо меёфт?

Одами ноогоҳ гумон мекард, ки кампир ақл бохтааст. Роҳи аз ин вазъ халосиро тағои хурди ман дар буридани он дарахт дид. Биҳиро решакан кард, то модараш ором бигирад. Вале... Ҳайҳот! Бибиям воситаи дигари ғамбарорӣ ёфт: дигар ба нуқтае нигариста, ашк мерехту мегирист, ки аз он ҷо тағоям дӯсти гапшунаву рамзфаҳми ягонаашро решакан карда буд...

пешина
аз 208
навбатӣ