Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Сурх», медальҳои «Барои мудофиаи Ленинград» «Барои ғалаба бар Германия» тақдир шудааст.

Роҳи ҷангии Иван Симаков пур аз шуҷоат аст. Ӯ аз ибтидо то интиҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди фашистони истилогар мардона ҷангида, бисьёр корномаҳо нишон додааст.

Фаъолияти меҳнатии ин родмарди Ватан низ файзбахш буд. Ӯ дар арсаи меҳнат низ намунаи ибрат шудааст. Дар Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон сардори бригадаи бинокорон шуда кор мекард. Дар байни ҳуҷҷатҳои ҷангии ӯ чандин раҳматномаю грамотаҳо пайдо шуданд, ки барои фаъолияти пурбаракати меҳнатиаш ба онҳо сарфароз гашта буд 1.

Ин марди диловару хоксор тамоми ҳаёти баъдиҷангии худро низ, то рӯзҳои охирини ҳаёташ, ба меҳнати осоиштаи пурмаҳсул бахшида, ба халқу Ватан софдилона хизмат кардааст.

Чунин фарзандони ҷонфидою меҳнатдӯст ва арзандаи Ватан аз хотирҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд.

1 Архиваи марказии давлатии РСС Тоҷикистон, ф. 1691, р. 2. д. 59.

пешина
аз 139
навбатӣ