Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

зуд дар ин бора хабар расонд. Дар натиҷа ба қӯшуни пиёда ва техникии душман зарбаи сахт зада шуд. Сари вақт ошкор намудани нақшаи душман ба барҳам задани ҳуҷуми ҷавобии гитлерчиён ва пеш рафтани қӯшунҳои мо имконият дод. Тавассути назорати қатъӣ гурӯҳи разведкачиён бо сардории Симаков ба ҳаракати гурӯҳи 30-нафараи автоматчиёни немис ва ду тӯпи худгард ба хати пеши мудофияи мо монеъ шуд.

26 март гурӯҳи Симаков иҷрои супоришро дар маҳалли Виесата давом дода, дар бораи ҳаракати мошину қӯшуни бешумори немис хабар расонд. Дар давоми рӯз гурӯҳи Симаков бо дастгирии артиллерия ба тухми қӯшунҳои фашистони ғаддор қирон овард.

Гурӯҳи разведкачиёни Симаков фармони нав гирифт, ки ба мавқеи душман ба разведка рафта, дар бораи миқдори қӯшун ва техникии вай маълумот фиристад.

Гурӯҳи Симаков се шабонарӯз дар ақибгоҳи душман амал карда, чандин мавқеъҳои қӯшунҳои душманро муайян намуд, дар бораи хати симхори душман, қӯшуну техника, мавқею миқдори артиллерияи фашистон маълумотҳои аниқ расонд.

Рафиқ Симаков супоришро ӯҳдабароёна иҷро намуда, гурӯҳи разведкачиёни худро беталаф ба мавқеи қӯшунҳои советӣ расонд.

Рафиқ Симаков ба ордени Шараф дараҷаи I арзанда аст. Командири рораи 112-уми разведка, лейтенанти хурд Головин. 10. III. 1945»1.

Ҳамин тариқ, фарзанди диловари Ватан Симаков Иван Михайлович туфайли фидокориҳои бемислаш бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 15 майи соли 1946 бо ордени тиллои Шараф дараҷаи I сарфароз гардонда мешавад. Симаков инчунин бо ордени «Ситораи

1 Архиви марказии Вазорати Мудофияи СССР, ф. 33. р. 564521, д. 175. в. 201.

пешина
аз 139
навбатӣ