Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
ҳои душман бошад ӯ бо ҷасорати хеш ҷанговаронро рӯҳбаланд ва ба корнамоиҳо ҳидоят кард»1.
Бо тавсияи командири полки 313-уми тирандозии гвардия, майори гвардия Бланко 30 ноябри соли 1944 Александр Куришев бо ордени Шараф дараҷаи II мукофотонида мешавад.
Дар ин рӯзҳо дар шаҳру деҳоти республикаи Чехословакия низ зидди фашистони истилогар ҷангҳои шадид давом мекард. Ҷанговарони советӣ дар бобати аз фашистон озод кардани ин сарзамин саҳми босазое гузоштанд. «Ҷанговарони советӣ, комиссарҳои пурдону аз ҷиҳати сиёсӣ баркамол ба халқи Чехословакия, ба авҷ гирифтани ҳаракати партизании ин сарзамин кӯмаки калон расонданд»2.
Александр Куришев дар ин рӯзҳо дар ҳайати дивизияи 110-уми тирандозии гвардия ба ҳудуди Чехословакия дохил мегардад.
«— Ман, — навиштааст ӯ дар хотираҳояш, — гувоҳи зиндаи он будам, ки халқи Чехословакия, мо, аскарони советӣ, — озодкунандагони худро дида, кӯдаквор ашки шодӣ мерехтанд. Зеро онҳо аз фашистони истилогар азобу шиканҷаи зиёде дидаанд».
Александр дар озод намудани шаҳру деҳоти Чехословакия низ саҳми арзанда гузоштааст. Дар ин бора дар тавсияномаи командири полк қайдҳои зерин сабт ёфтаанд: «Сержанти гвардия, командири тӯпи полки 313-уми тирандозӣ Куришев Александр Васильевич аз 26 марти соли 1945 то 13 апрели соли 1945 дар рафти амалиётҳои ҷангии полк, дар муҳорибаҳои озод кардани шаҳрҳои Врабле, Нитра, Глаговец бо расчёти худ аз рӯи дастури ҳарбӣ амал карда, бо суръати тез аз
1 Архивни марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 690306, д. 2930, в. 107.
2 «История Коммунистической партии Чехословакии», М, 1962, саҳ. 514.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё