Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
ҷангалзор ба мошини зиреҳпӯш ва 2 танки дигари душман оташ кушод. Мошини зиреҳпӯш, ки аз тӯпи Курышев 150-200 метр дур буд, оташ гирифт. Гитлерчиён аз ин ҳолат ба ваҳму ҳарос афтода, роҳи гурезро пеш гирифтанд» 1.
Бо тавсияи командири полки 307-уми тирандози гвардия, полковники гвардия Малеев Курышев Александр Васильевич барои ҷасорати фавқулоддаи ҷангӣ бо ордени Шараф дараҷаи III сарфароз гардонда мешавад.
Қайд бояд кард, ки Курышев Александр Васильевич дар озод кардани шаҳру деҳоти Украина низ ҳиссаи калон гузоштааст. Украинаи Советӣ тавассути ҷонбозиҳои бемисли Александр Курышев барин сарбозони советӣ аз фашистони истилогари озод карда шуд. Курышев, чун дигар ҷанговарони советӣ, ба адои қарзи интернатсионалӣ камар баст. Моҳи октябри соли 1944 Александр дар ҳайати қӯшунҳои фронти 2-юми Украина ба мадади халқи озодидӯсти венгер расид. Дере нагузашта ӯ дар озод намудани шаҳру деҳоти Венгрия ҳиссаи муносиб гузошт. Дар ин бора дар варақаи мукофоти ӯ чунин навишта шудааст: «Сержанти гвардия, командири тӯп рафиқ Курышев А. В. 18 октябри соли 1944 дар ҷангҳои озод кардани маҳалли Сент-Моргита (Венгрия) ҳангоми зада гардондани ҳуҷуми танкҳои душман бо расчёти худ ба мавқеи пеши қӯшуни пиёда баромада, ба танкҳо ва десантчиҳои пиёдаи душман зарбаҳои марговар зад. Дар ин муҳориба Александр Курышев бо расчёти худ танк ва транспортёри зиреҳпӯши гитлерчиёнро зада нобуд кард. Як взвод қӯшуни пиёдаи душман бошад роҳи гурезро пеш гирифт. Дар ҳуҷумҳои ҷавобӣ бар зидди ҳамлаи танк-
1 Архивни марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 690155, д. 766, в. 119.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё