Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

фашизм шаҳид гаштани фарзанди калони расид. Аз ин мусибат дили Александри ҷавон реш-реш гашт ва нафрати вай нисбат ба фашистон бештар шуд. Ҳар чи тезтар ба фронт рафта, қасоси бародарро ситондан мехост.

Моҳи декабри соли 1942 Александр ба комиссариати ҳарбии Ӯротеппа рафта, боисрор талаб менамояд, ки ҳар чи зудтар ӯро ба фронт фиристанд. Комиссари ҳарбӣ, ки кулфати ба сари хонадон омадаро хуб мефаҳмид, чизе гуфта натавонист ва ба аломати ризоят сар ҷунбонд.

Моҳи январи соли 1943 Александр ба сафи Армияи Сурх даъват шуда, ба омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри Гарданау фиристода мешавад1.

Пас аз 6 моҳи омӯзиш дар омӯзишгоҳи ҳарбӣ вай чун сержант ба хизмати Ватан мепардозад.

Моҳи сентябри соли 1943 ӯ дар ҳайати дивизияи 110-уми тирандозии гвардияи фронти Степной чун тӯпчӣ ба ҷанги зидди гитлерчиёни хунхор медарояд.

Чанде нагузашта Александр Курышев чун ҷанговари ҷасуру бебок ном мебарорад. Дар Архиви Вазорати Мудофияи СССР варақаи мукофоти Александр маҳфуз аст, ки дар он аз корнамоиҳои ӯ сатрҳои зерин сабт шудаанд: «Декабри соли 1943 ҳангоми зада гардондани ҳуҷуми ҷавобии танкчиёни душман дар деҳаи Константиновка рафиқ Курышев бо тӯпи худ дар сафи пеши ҷанг камин гирифта буд. Вақте ки 2 танки душман ба баланди баромада, сӯи аскарони мо нишон гирифт, Курышев ба зудӣ тӯпашро ба кор дароварда, танки якуми душманро, ки ҳамагӣ 300 метр дур воқеъ буд, зада нобуд кард.

Дар ҳуҷуми ҷавобии дубора расчёти Курышев дар

1 Архиви марказии давлатии РСС Тоҷикистон, ф. 169, р. 2, д. 87.

пешина
аз 139
навбатӣ