Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

«Ватан вақте ки амри модарӣ дод,
Баҷоорандагонашро шараф дод».

КУРЫШЕВ
Александр Васильевич
(1925—1982)

Александр аз хурдсолӣ аз падар маҳрум гашта, соли 1930 ҳамроҳи модараш ба шаҳри Истаравшан кӯчида меояд. Сарвари оила Антонина Филипповна, зани дидадарою меҳнатдӯст, дар истеҳсолот кор карда, баробари он ба тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ медод.

Александр соли 1939 дар Истаравшан мактаби 7-соларо ба итмом расонда, ба техникуми электромеханикии шаҳри Тошканд дохил мешавад. Баъди хатми техникум Александр мақсад дошт таҳсилро давом диҳад. Вале Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуду модар исрор кард, ки ба Истаравшан баргардад.

Ҳамин тавр, охирҳои соли 1941 Александр ба Истаравшан назди модар бармегардад ва ба автобазаи шаҳри Истаравшан ба кор дохил мешавад. Рӯзҳои мудҳиши ҷанг давом мекарданд. Дар яке аз чунин рӯзҳо ба хонадони Куришевҳо хабари нохуш — дар фронти зидди

пешина
аз 139
навбатӣ