Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

дарёҳои Грон, Нитра, Ваг (Чехословакия) гузашта, бо оташи тӯпаш барои гузаштани дигар қисмҳо ёрӣ расонд.

Ҳангоми ҳуҷуми ҷавобии душман бошад, бо расчёти худ ба сафи қӯшуни пиёда ҳамроҳ шуда, ба нуқтаҳои оташфишон ва қӯшуни пиёдаи душман оташ кушод. Дар ин муддат рафиқ Курышев бо расчёти худ 7 пулемёт ва як транспортёри зиреҳпӯши душманро нобуд кард.

13 апрели соли 1945 бошад дар муҳорибаҳои озод кардани шаҳри Годонин ва дарёи Моравия (Чехословакия) рафиқ Курышев бо амалиёти худ ба гузаштани дигар қисмҳо мадад кард. Ӯ бо оташи тӯпаш 2 пулемётро, ки барои аз дарё гузаштани қисмҳои мо халал мерасонданд, зада нобуд кард ва 7 солдати фашистро ба ҳалокат расонд.

Баъди аз дарё гузаштани рота расчёти ӯ ҳуҷуми ҷавобии душманро зада гардонда, бо оташи тӯпаш боз як пулемёти душман ва як взвод қӯшуни пиёдаи фашистонро нобуд кард¹.

Оре, Александр Курышев сарбози ҷасуру нотарс буд. Вай дар ҳама гуна шароит мардона меҷангид ва барои ҳамяроқонаш намунаи ибрат буд.

Ин буд, ки Ӯ 15 майи соли 1946 бо Укази Президиуми Совети Олии СССР бо ордени тиллои Шараф дараҷаи I сарфароз гардонда мешавад.

Ҳамин тариқ, фарзанди шаҳри бостонии Истаравшан дар озод кардани шаҳрҳои Аврупои Ғарбӣ аз фашистони истилогар саҳми арзанда мегузорад. Пас аз штурми Берлин Германияи фашистӣ бечуну чаро таслим шуд.

Вале ҳанӯз алангаи ҷанги ҷаҳонӣ дар Шарқ идома

¹ Архивиде марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33. р. 564521, д. 174, в. 425.

пешина
аз 139
навбатӣ