Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
дошт. Японияи милитаристӣ, ки иттифоқчии Германия буд, таҷовузи худро давом медод.
Александр Курышев дар ҳайати дивизияи худ дар ҷанги зидди Япония низ иштирок кард. Дар ин ҷанг низ ӯ худро чун ҷанговари матину нотарс нишон дод. Ӯ ҳамеша дар сафи пеш ҷасурона меҷангид. Вай барои матонату ҷасорат бо ордени «Ситораи Сурх» сарфароз гардонда мешавад.
Пас аз итмоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам Александр чун солдати пурдону таҷрибанок чанд муддат хизматро дар сафи армия давом медиҳад ва моҳи марти соли 1947 ба Ӯротеппа бармегардад. Он рӯзҳо хурсандии аҳли хонадон, хешу акрабо, ҳамдиёрони Куришевҳо интиҳо надошт.
Чанд нагузашта Александр ба фаъолияти меҳнатӣ камар мебандад ва дар ҷабҳаи меҳнат низ софдилона хизмат мекунад.
Александр Курышев пас аз итмоми зафаровари ҷанг то поёни умраш (соли 1982) шофёр шуда кор кард.
Аз қабати ҳуҷҷатҳои ӯ, ки дар Архиви марказии республика махфуз аст, характеристикае ёфт шуд, ки онро директори автобазаи шаҳри Ӯротеппа рафиқ Юрин додааст. Дар он чунин навишта шудааст:
«...Рафиқ Курышев Александр доимо планами худро 120—150% иҷро мекунад. Танҳо соли 1954 ӯ 435 литр бензин ва 916 сӯм фонди таъмирро сарфа намудааст...»1.
Оре, Александр Курышев дар меҳнат низ намунаи ибрат буд. Фаъолияти ҷангию меҳнатии Александр Курышев чун рамзи мардонагию ватандӯстӣ ва меҳнаткаринии одамони советӣ дар поси хотирҳо ҷовидон мемонад.
1 Архиви марказии давлатии РСС Тоҷикистон, ф. 1091, р. 2, д. 85.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё