Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, фиристодаи халқи тоҷик Сергей Дубинин пас аз ҷанг роҳи зодгоҳи хешро пеш мегирад. Ҳамдиёрон ӯро чун қаҳрамони ҳақиқӣ хуш истиқбол карданд.

Пас аз чанд муддат Сергей Дубинин ба фаъолияти меҳнатӣ пардохт. Вай оҳангариро пеша намуд. Он солҳо ҷумҳурӣ, аз ҷумла колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Вахш ба чунин кадрҳо эҳтиёҷи калон дошт. Вай нозукиҳои ин касбро аз худ кард ва чун оҳангари соҳибихтисос машҳур гашт. Аз дуру наздик усто Сергей гӯён надаш меомаданд. Ӯ дар андак муддат номи «Зарбдори меҳнати коммунистӣ»-ро соҳиб гашта, бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» сарфароз гардонда мешавад.

Мо бо мақсади мулоқот кардан бо ин шермард роҳи посёлкаи Октябрро пеш гирифтем. Бисёр мехостем, ки бо қаҳрамони ҷангу меҳнат сӯҳбат намоем.

...Вале ҳайҳот, қаҳрамони мо аз ҳаёт даргузашта будааст.

Мо аз посёлкаи Октябрь бо таассуроти калон баргаштем...

Аз ҳуҷҷатҳои Архиви Вазорати Мудофиаи СССР, Архиви марказии ҷумҳурӣ, аз нақли ҳамдиёрому наздикони ӯ маълум, ки Сергей Дубинин қаҳрамони ҳақиқию инсони комил будааст.

пешина
аз 139
навбатӣ