Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Евдокия Филипповна бо ордени Шараф дараҷаи I мукофотонида шудани писараш Сергейро дар рӯзномаи «Правда» хонда, сахт ба ҳаяҷон меояд. Модарро ҳисси ифтихор фаро мегирад.
Дере нагузашта командири соединенияи Таганрог генерал-майор Сичев ташаккурномаеро таҳти сарлавҳаи «Ба ҷанговари ғолиб» ба Дубинин месупорад. Дар он аз ҷумла гуфта шудааст:
«Ба старшина Дубинин С. Н. Барои хизматҳои бошарафона ва иҷрои бомуваффақияти супоришҳои ҷангии фармоишҳо ба ту ташаккур эълон менамоям. Ба ту саломатӣ ва дар мустаҳкам гардидани иқтидори Ватани социалистиамон муваффақиятҳои нав хоҳонам.
Рафиқи азиз ва дӯсти ҷанговар!.. Дар хотир дошта бош, Сарфармондеҳи Олӣ бо фармони худ ба қисме, ки ту хизмат менамоӣ, 14 маротиба раҳматнома эълон кардааст. Ба муносибати муваффақиятҳои қисм дар Москваи азим ба воситаи тӯпҳо 14 маротиба салют додаанд.
Қисме, ки ту дар ҳайати он меҷангӣ бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурх ва Суворов мукофотонида шуда, соединенияи Таганрог ном гирифтааст. Ту, писари арзандаи халқ ҳастӣ ва аз ин бояд фахр кунӣ.
Ту роҳҳои мушкилро тай намудӣ. Дар рафти ҷанг зумра хатарҳоро аз сар гузарондӣ.
...Ҳамин тавр, дар назди Ватан вазифаи худро бошарафона ба ҷо овардӣ... метавонӣ фахр кунӣ, ки дар ғалабаи бузург саҳми худро дорӣ!
Ту сазовори мукофотҳои бисёре, аз ҷумла нишони «Барои гирифтани Берлин», медали «Барои ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945)» гаштӣ.
Ба ту роҳи сафед ва муваффақиятҳои меҳнатӣ мехоҳам!»1.
1 Архиваи марказии давлатии РСС Тоҷикистон, ф. 1691, р.
2, д. 33.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё