Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
ка, ки ба ҳайати отряди амалкунанда дохил буд, вазифаи масъулиятноке меистод. Рота мебоист 3 километр дуртар аз ҷануби ғарбии Вюнсдорф муҳосираи душманро рахна намуда, ба дивизияи махсус, ки дар иҳота монда буд, ёрӣ расонда, ба он ҷо расидани қисмҳои дигари дивизияро таъмин менамуд. Ҳангоми иҷрои ин супориш разведкачиён ба гурӯҳи қариб 100-нафараи фашистон рӯ ба рӯ шуданд, ки аз Шарқ ба Ғарб ҳаракат мекард.
Ба взводи старшина Дубинин супориш дода шуд, ки душманро аз чапу рост иҳота карда, дар сафи он бесарусомонӣ ба амал орад ва зада нобуд намояд.
Старшина Дубинин қарор кард, ки ба душман якбора ҳуҷум намоянд. Аз ҳуҷуми ногаҳонии фашистони немис ба воҳима афтоданд. Аз ин парешонии онҳо истифода бурда, разведкачиён аз чор самт оташ кушоданд.
Дар рафти муҳориба ба старшина Дубинин капитени немис дарафтод. Пас аз афтударафт Дубинин ӯро аз автомат парронд.
Ҳамин тариқ, супориши фармоидеҳ бомуваффақият иҷро карда шуд. 18 солдату офицери душман кушта ва 22 кас асир гирифта шуд, дигарон ба чор тарафи ҷангалзор гурехтанд.
Дар ин ҷанг старшина Дубинин шахсан 10 солдату офицери душманро нобуд кард»¹.
Бо тавсияи командири ротаи махсуси 15-уми разведкачиён лейтенанти калон Пономарчук Дубинин Сергей Никитович бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 27 июни соли 1945 бо ордени Шараф дараҷаи I мукофотонида мешавад.
Ҳамин тавр, коммунист Сергей Никитович Дубинин сазовори ҳар се дараҷаи ордени Шараф мегардад.
1 Архиваи марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 686046, д. 185, в. 140.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё