Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Сардори штаби дивизия ва сардори шӯъбаи оперативии корпус мазмуни пакети немисро меомӯхтанду ба разведкачиёни моҳир офаринҳо мехонданд.
24 августи соли 1943 барои иҷрои чунин вазифаи масъулу мушкил Сергей Дубинин бо ордени «Ситораи Сурх» сарфароз гардонда мешавад1.
Сергей Дубинин аз чунин қадрдонӣ рӯҳи тоза гирифта, пайваста баҳри он мекӯшид, ки ба Ватан диловарона хизмат кунад.
Дар ҳуҷҷатҳои Сергей Никитович навишта шудааст, ки ӯ ҳамагӣ 48 «забон» ба даст овардааст. Разведкачӣ барои дастгир карда овардани як «забон» чӣ қадар душворӣ, машаққат мекашад, хавфу хатарҳоро паси сар мекунад. Ба Дубинин борҳо миёни ҷангалу ботлокзорҳо, дарёҳо «забонҳо» ба тахтапушт бардошта ва ё худ ба замбар хобонда хазидан рост меомад.
Разведкачиёни советӣ дар лаҳзаҳои пурхатару мушкилтарин моҳирона амал мекарданд.
Охири соли 1943 Сергей Дубинини далер сазовори ордени Шараф дараҷаи III мегардад1.
Соли 1944 бошад Сергей Никитовичро барои фидокориҳои бемислаш бо ордени Шараф дараҷаи II мукофотониданд.
Қаҳрамониҳои разведкачиёни советӣ душманонро дар ҳайрат мемононд. Онҳо аз разведкачиёни мо чун аз марг метарсиданд.
Старшина Дубинин аввалҳои соли 1945 командири взводи ротаи 152-уми махсуси разведкаи дивизияи 130-уми тирандозии ордени Байрақи Сурх, ордени Ленин ва Суворовдори Таганрог буд.
«30-ми апрели соли 1945 дар назди ротаи развед-
1 Ниг: Дёмочкин А., Макашов А. Дорогами славы. Душанбе, «Ирфон», 1976, саҳ. 57.
2 Архиви марказии Вазорати мудофиаи СССР, ф. 33, р. 686046, д. 185, в. 140.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё