Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
чун сарбози ҷасуру баҳодур аз рафиқон фарқ мекард. Се моҳи тамом дар курси разведкачиён хонда, ба фронт рафт. Таҳсил дар курси разведкачиён Сергейро боз ҳам пухтатар кард. Ӯ акнун бо душмани ашаддии инсоният чӣ тавр ҷангиданро хуб медонист. Вай ба даст даровардани «забон»-ро омили муҳими муваффақияти ҷангӣ медонист.
Дере нагузашта Дубинин чун сарбози бебоку ном баровард. Рӯзе командири полк ба разведкачиён рӯ оварда гуфт: се нафар баҳодур лозим, супориш басо ҷиддӣ. Мо бояд ҳар навъ карда нақшаи душманро бифаҳмем.
Бегоҳӣ командири полк нақшаи амалиёти гурӯҳи разведкачиёнро, ки ба ҳайати он Михаил Хилько, Александр Разладин ва сардори онҳо Сергей Дубинин дохил мешуданд, муайян кард.
Соати 4 саҳар разведкачиён ба тарафи мавқеи душман роҳ пеш гирифтанд.
Субҳ медамид. Разведкачиён гаваккашон пеш мерафтанд ва баногоҳ ба хандақи душман расиданд. Ин дам чашмашон ба фашисти хоболуд афтод ва ӯро бо маҳорати хос асир гирифтанд. «Забон»-и муҳим барин менамояд, — шӯхиомез гуфт Сергей... Разведкачиёни ҷасур асирро кашолакунон қафо гаштанд. Онҳо бо эҳтиёти тамоми, саросема нашуда, оромона қадам мезанданд, зеро ҳар кадоми онҳо нағз мефаҳмид, ки «забон»-ро зиндаю саломат расондан басо зарур аст.
Дубинин даҳони фашистро бо шарфи худ сахт баста, аз бағалаш пакетро кашида гирифт. Дар роҳ чандин лаҳзаҳои хавфнок ба амал омада бошад ҳам, разведкачиён бо маҳорати тамоми бартараф карда, супоришро бомуваффақият иҷро намуданд.
Пас аз чанд соат ефрейтор-алоқачии штаби дивизияи немисҳо дар рӯ ба рӯи командири полк бо сари ҳам ҷавоб мегуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё