Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
«Шахсе, ки Ватанро азиз намедонад, аз ҷумлаи одамиён буданаш гумон аст».
ИСРАЭЛЯН
Георгий Аванесович
(1920)
Шанбеи аввали моҳи апрел қарибии пешин ба шаҳри Турсунзода расидем. Хушбахтона, Раҷабалӣ ном ҷавони баландқомат моро то хонаи Георгий Аванесович ҳамроҳӣ кард. Соҳибони хона моро хуш пазироӣ карданд. Сӯҳбатамон бо ҷанговари шӯҳратманд тафсид. Вай марди хушчакчак ва ҳазлгӯй будааст. «Ман хушбахтам. Шукр, зану фарзанд дорам, як духтару ду писар. Духтарам пас аз хатми факултети математикаи Институти педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дар мактаби шабонаи коргарҷавонони шаҳри Турсунзода дарс мегӯяд. Писаронам бошанд, ҳар ду хизмати Ватанро адо мекунанд: яке танкчӣ, дигараш дар сафи қӯшуни инженерони ҳарбӣ хизмат мекунад» — мегӯяд хушҳолона Исраэлян.
Ҳуҷҷату таҳсинномаҳо, пораҳои рӯзномаю мачаллаҳон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё