Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
фронт бештар аз 17000 нафар ҷанговарон ба сафи партия дохил шуданд 1.
Фиристодаи халқи тоҷик, коммунист Иван Глушков аз чунин ғамхориҳои партия ва ҳукумат илҳом гирифта, ба амалиёти оянда хубтар тайёрӣ медид ва ҳамяроқонро ба ин кор талқин менамуд.
Дар варақаи мукофот оид ба ҷасурию ҷонбозиҳои Иван Глушков чунин сатрҳо сабт гардидаанд: «Глушков Иван Михайлович 17—18-уми апрели соли 1945 дар райони Шенфлис дар рафъи ҳуҷуми ҷавобии фашистон, дар муҳорибаҳои шадид, ки душман аз тамоми намудҳои аслиҳа истифода мекард, мардона ҷангид. Ӯ тӯпи худро ба нуқтаи оташфишонии душман нигаронда, оташ мекушод ва бо оташи тӯпаш 3 нуқтаи оташфишонӣ, қариб як взвод қӯшуни пиёдаи душманро нобуд кард ва дар натиҷа ҳуҷуми ҷавобии душманро зада гардонда, ба пешравии қӯшунҳои советӣ роҳ кушод. Дар ин муҳорибаҳо Глушков ярадор шуда бошад ҳам, майдони ҷангро тарк накард.
Аз 25 апрел то 2-юми моҳи май соли 1945 сержанти калон Глушков миёни тӯдаи штурмкунандагони советӣ, дар кӯчаҳои Берлин ба оташи аслиҳаи душман нигоҳ накарда, тӯпи худро ба майдони кушод баровард ва сӯи душмани ғаддор оташ мекушод. Вай шахсан бо оташи тӯпаш 2 пулемёт, 3 снайпер ва 20 нафар автоматчии фашистонро нобуд кард. Дар ин муҳориба штурмкунандагони мо хонаҳои Гитлер ва Геббельсро ба хок яксон намуда, ба тарафи дигари хиёбон — рӯ ба рӯи Рейхстаг баромаданд. Бо ҳамин Глушков ба гурӯҳи штурмкунандагони мо ёрии амалӣ расонд 2.
Командири полк подполковник Лещук хизматҳои ка-
1 Институти марксизм-ленинизм. Ҳуҷҷату материалҳои шӯъбаи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ. инв. № 5814, в. 36.
2 Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 564521, д. 174, в. 162.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё