Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

лони ҷангии Глушковро ба назар гирифта тавсия намуд, ки ӯ бо ордени тиллои Шараф дараҷаи I сарфароз гардонда шавад.

Ҳамин тариқ, фиристодаи далери Тоҷикистон, собиқ тракторчии яке аз совхозҳои ноҳияи Қӯрғонтеппа Глушков Иван Михайлович соҳиби се дараҷаи ордени Шараф гардид. Рӯзи ғалабаро ӯ дар Берлин истиқбол кард.

Дере нагузашта ӯро аз сафи армия ҷавоб доданд. Пас аз адои хизмати Ватан Глушков ба фаъолияти меҳнатӣ пардохт. Вай ба заводи винои Шаҳринав ба кор омад. Дар ҷабҳаи меҳнат низ обрӯю эътибори калон пайдо кард. Вай то соли 1970 дар ҳамин завод кор карда, ба нафақа баромад. Дар ин муддат ӯ бо медали «Барои меҳнати шоён» ва чандин медалу грамотаҳо сарфароз гардид.

пешина
аз 139
навбатӣ