Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Фашизмро дар лонааш — Берлин торумор кардан орзуи деринаи Глушков буд. Шикасти дастаҳои охирини фашистонро бо чашмони худ дидан мехост. Инак, ӯ дар остонаи Берлин меҷангид.

Глушков «Ба пеш, ба сӯи Берлин!» — гӯён дар муҳорибаҳо корномаҳо нишон медод. Ӯ медонист, ки амалиёти Берлин имтиҳону санҷиши ҷиддист ва, аз ин рӯ, ба ин муҳориба хуб тайёрӣ медид. Дар адабиёти ба ҷанг бахшида низ душвории амалиёти Берлин ба қалам дода шудааст: «Дар амалиёти Берлин дар назди ҷанговарони советӣ торумор кардани гурӯҳи калонтарини армияи душман меистод. Ба даст даровардани Берлин бечуну чаро таслим шудани Германияро метезонд ва шикасти давлати фашистиро таъмин менамуд. Барои иҷрои ин амалиёт қувваи се фронт: фронти 1-ум ва 2-юми Белоруссия, фронти 1-уми Украина ва ҳамчунин флоти ордени Байрақи Сурхдори Балтика сафарбар шуда буд»1.

Барои ба амал баровардани ин амалиёт артиллерия, танкҳо ва авиация роҳи асосӣ мебозиданд.

Бо мақсади бомуваффақият анҷом додани ин амалиёт дар қисмҳои ҳарбӣ маҷлисҳои партиявӣ ва комсомолӣ барпо гаштанд, ки дар онҳо вазифаҳои дар назди қисмҳои ҳарбӣ гузошташуда муайян карда мешуданд. Ҳар як коммунист ва узви комсомол супориши шахсӣ мегирифт. Дар он рӯзҳо ҳар як ҷанговар кӯшид ба сафи партия дохил шавад. Танҳо шаби пеш аз ҳуҷум (16 апрел) ба ташкилотҳои партиявии қисмҳои фронти 1-уми Белоруссия аз номи бештар аз 2 ҳазор солдату офицер ариза омад. Ҳамагӣ дар рафти тайёрӣ ба амалиёт (аз 15 март то 15 апрел) аз тамоми се

1 Ниг.: «История Великой Отечественной войны Советского Союза» (1941—1945), ҷ. 5. М., «Воениздат», 1963, саҳ. 255.

пешина
аз 139
навбатӣ