Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
вич бо ордени Шараф дараҷаи II мукофотонида мешавад.
Армияи Сурх торафт пеш мерафт. Ғалабаҳои паё-пай ба аскарони сурх илҳом мебахшиданд. Фатҳи куллии ғалаба батадриҷ наздик мерасид. Фашистон ба зарбаҳои сахти аскарони мо тоб наоварда, ақибнишинӣ мекарданд. Ҳудуди мамлакати паҳноварамон пайваста озод мегашт. Шодию нишоти мардуми советиро интиҳое набуд. Вале дар пеш вазифаҳои дигар низ буданд: адои қарзи интернатсионалӣ кори шарафи Армияи Сурх буд. Мардуми Аврупои аз қадами нопоки фашистон поймолгашта нигарони Армияи озодибахши советӣ буданд: Фиристодаи Тоҷикистон Глушков Иван Михайлович низ озод кардани бародарони аврупоии хешро кори шараф медонист ва он рӯзро нигарон буд. Полки 1174-уми артиллерияи зиддитанкӣ, ки дар ҳайати он Глушков низ бо тӯпи хеш меҷангид, ба ҳудуди Польша дохил гашт. Халқи озодипарасти поляк аскарони советиро бо нону намақ самимона истиқбол кард. Полякҳо аскарони моро бародарвор ба оғӯш кашида, аз шодӣ мегиристанд. Иван Михайлович дар озод намудани шаҳру деҳоти Польша ҳиссаи назарраси худро гузошта, корномаҳои нав нишон дод.
Дар варақи мукофоти ӯ чунин сатрҳо сабт ёфтаанд: «Сержанти калон Глушков Иван Михайлович дар ҳайати фронти I-ми Белоруссия дар ҷангҳои озод кардани халқи Польша намунаи барҷастаи мардонатӣ ва далерӣ нишон дода, вазифаи ҷангии худро намунавор иҷро намуд»¹.
Пирӯзӣ торафт наздик меомад. Фашистон ҳарчанд бой додани ҷангро ҳис карда бошанд ҳам, тан додан намехостанд ва девонавор муқобилат мекарданд. Вале ин ҳама кӯшиши бефоида буд.
¹ Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 690155, д. 3682, в. 110.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё