Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

80 километрро аз фашистон озод намуда, ба душман барои талаю тороҷи шаҳру деҳоти Крим имкон намедоданд. Ҳамин тавр, қариб 80 фоизи шаҳру деҳот, роҳҳои оҳан ва стансияҳо аз истилои душман озод карда шуданд. Қайд бояд кард, ки дар озод кардани Крим партизанҳо ёрии калон расонданд. Танҳо моҳи апрел партизанҳо зиёда аз 4300 фашистро нобуд карда, 3700 нафарро асир гирифтанд. 7 танк, 16 тӯп, як мошини зиреҳпӯш ва 234 автомашина аз кор бароварда шуд. Бештар аз 300 нафар партизанҳо ба сафи аскарони советӣ ҳамроҳ шуда, дар озод кардани Севастополь иштирок карданд. Беш аз 1500 нафар партизанҳои Крим барои қаҳрамонӣ ва диловарии бо ордену медальҳо мукофотонида шуданд 1.

Баъди истироҳати кӯтоҳмуддат полки артиллерияи шикастандаи зиддитанкии 1174-ум, ки дар ҳайати он Иван Михайлович меҷангид, ба самти назди Балтик равона мегардад. Глушков ва ҳамяроқонаш фашистонро аз Лиепая то Клайпеда таъқиб менамоянд. Дар ин муҳорибаҳо низ ӯ, чун ҳамеша, намунаи ибрати ҷанговарон буд. Тобеонро ба корнамоӣ ҳидоят менамуд.

Дар варақаи мукофоти Глушков Иван Михайлович суханҳои зерин сабт гардидаанд: «Сержанти калон, командири тӯпи полки артиллерияи зиддитанкии 1174-ум, коммунист Глушков Иван Михайлович 17 августи соли 1944 дар маҳалли Залдатус Мазмаяс ба оташфишонии яроқу аслиҳаи душман нигоҳ накарда, бо оташи тӯпи худ як танк ва як пулемёти станокдор ва 12 автоматчиёни душманро нобуд кард» 2. Барои чунин ҷасурию мардонагӣ 13 январи соли 1944 Иван Михайло-

1 Архивни марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 690155, д. 3682, в, 110.
2 Ниг.: «Украинская ССР в Великой Отечественной войне Советского Союза, ч. 3. сах. 43.

пешина
аз 139
навбатӣ