Зеҳн
Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

рифт. Коммунист Глушков Иван Михайлович дар муҳорибаҳои шиддатноки назди Краснодар, Ейск, нимҷазираи Тамань ва дар задухӯрдҳои даҳшатангези гулугоҳи Керч иштирок намуда, мардонагию ҷасорат нишон медиҳад.

Вазифаи навбатии аз фашистони истилогар озод намудани Крим буд. Шаҳрҳои зебоманзару истироҳатбоби Алупка, Ялтаро артиллеристони советӣ бо ҳуҷумҳои шиддатнок аз фашистони истилогар озод намуданд. Ҳуҷҷатҳое, ки дар Архиви Вазорати Мудофиаи СССР (шаҳри Подольск) маҳфузанд, бори дигар аз корнамоиҳои бемисли фарзанди диловари Ватан Иван Михайлович Глушков далолат мекунанд. Дар яке аз ҳуҷҷатҳо маълумотҳои зайл сабт шудаанд:

«13-уми апрели соли 1944 дар ноҳияи Старый Крым душман ҳангоми ақибнишинӣ ду «фердинанд»-ро ба роҳи калони сангфарш бароварда, ба артиллерияи советӣ оташ кушод ва ба пешравии қӯшунҳои мо монеъ шуд. Сержанти калон Глушков бе ҳеҷ дудилагӣ мили тӯпи худро ба танкҳои фашистӣ рост карда, бо оташи ногаҳонии «фердинанд»-и якумро аз кор баровард ва «фердинанд»-и дуюмро низ зери оташ гирифт. Танки фашистӣ ноилоҷ ақиб гашт ва бо ҳамин қӯшунҳои мо ба пеш ҳаракат карданд»¹. Барои ин ҷасорат командири полк полковник Дюрба ба фармондеҳи қӯшунҳои советӣ пешниҳод кард, ки Глушков Иван Михайлович бо мукофоти ҳукуматӣ тақдир карда шавад.

18-уми майи соли 1944 аллакай сари синаи Глушков ордени Шараф дараҷаи III оро медод.

Дар муҳорибаҳои шадиде, ки дар ҳудуди Крим мегузаштанд, Глушков қаҳрамониҳои бемисл нишон дод. Аскарони диловари советӣ дар як шабонарӯз аз 50 то

¹ Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33. р. 690155, д. 1190, в. 118.

пешина
аз 139
навбатӣ