Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Ба самти тӯпи Глушков чор танки фашистӣ тадриҷан наздик меомад. Танки аввалин аз дидгоҳи нишонгирии Смохтин ҳамагӣ 300 метр дур буд.
Глушков мехост оташ кушояд, вале ин дам аз қафои танк мошини зиреҳпӯши душман ва десантҳои гитлерӣ пайдо шуданд. Ин лаҳза аз оташфишонии тирандозони советӣ мошини зиреҳпӯши душман оташ гирифт, десантҳои фашистӣ бошанд аз паҳлӯҳои мошин худро дур гирифтанд. Онҳо дар ҳар куҷо паноҳ бурда, ба тӯпчиёни советӣ аз автоматҳо оташ мекушоданд, аскарони советӣ низ тирпарронӣ мекарданд. Тири тӯпи Иван Михайлович танки аввалини фашистиро аз кор баровард. Автоматчиёни гитлерӣ ноилоҷ ба замин хобиданд. Онҳо танки дигари худро интизор буданд.
Дере нагузашта дар баландие, ки ҳамагӣ 70—80 метр аз мавқеи аскарони советӣ дур буд, автомашинаи зиреҳпӯши немис бо дастаи десантҳо намудор гашт. Нишонгир Смохтин мошини зиреҳпӯши душманро ба нишон гирифт. Тир ба ҳадаф расиду мошини зиреҳпӯш ба хок яксон гашт, тӯпи Глушков боз як танки дигари фашистиро аз кор баровард. Тӯпчиёни дигари батарея низ корнома нишон доданд.
Оре, тӯпчиёни батарея дар ин муҳорибаи ҳалкунанда фидокории намоён нишон доданд. Ин буд, ки тамоми ҳайати тӯпи Глушков низ ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод шуд. Командири тӯп Иван Михайлович бошад барои роҳбарии намунавӣ ва ҷасорати шахсиаш бо ордени «Ситораи Сурх» мукофотонида шуд1. Глушков дар ин ҳарбу зарб 2 танк, 1 мошини зиреҳпӯшро аз қатор бароварда, чандин гитлерчиёнро ба ҳалокат расонд. Дертар аз тарафи қӯшунҳои советӣ шаҳри Алагир озод карда шуд ва полки артиллерӣ, ки дар он Иван Михайлович меҷангид ба сӯи Кубань роҳ пеш ги-
1 Дёмочкин А., Макашов А., Дорогами славы. Душанбе, «Ирфон», 1976, саҳ. 40.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё