Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

худ нуҳуфтааст. Қаблан барои воридшавандагон дар сари ҳар гардиш ва печуҳами роҳрав шамъ ё қандили равшанибахшеро гузошта буданд, ки баъди гирондан дар партави равшанӣ рамзи даркориро меёфтанд ва роҳро идома медоданд.

Роҳрав баъди печуҳаму гардишҳои сершумор касро ба сағона мебурд. Сукути пурасрору ҳавлангези сағона аз қаламрави марг будани ин иншооти беамсол шаҳодат медиҳад. Тобути сайкалхӯрда ва пурҷилои хотамкорӣ, ки барои ҷасади мӯмиёии фиръавнҳо муқаррар шудааст, имрӯз холист. Сарвати афсонаосои фиръавнҳо дар давоми асрҳову қарнҳои бешумор ба яғмо рафта, ҳатто сангҳои гаронбаҳои дар тобут насббударо низ рабудаанд.

Нақшаи роҳраву ҳуҷраҳои аҳроми Хафрен.

Ба қавли муаррихи юнонӣ Диодор «Гарчанде Ҳеопс ва Хафрен амр доданд, ки барои ҷасадашон аҳроми беамсоле бисозанд, вале ҷасади ҳеҷ кадомаш дар сағонаи ин аҳромҳо дафн нашуд. Халқ аз меҳнату машаққати гарон ба ҷон расида, қасам ёд карда буд, ки ҷасади ин фиръавнҳоро аз тобути боҳашам рабуда, пора-пора хоҳанд кард. Ҳарду фиръавн ба муқаррабон пеш аз марг супориш доданд, ки ҷасадашонро дар сағонаи аслӣ не, дар ягон ҷои ниҳонии боэътимодтаре дафн намоянд». Шояд барои ҳамин бошад, ки дар самти дигари аҳром сағонаи нисбатан хурду назарногире бунёд шуда буд, ки ҷасади фиръавнҳоро пинҳонӣ ба он дафн намудаанд.

пешина
аз 84
навбатӣ