Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

Шукӯҳу ҳашамати ин се ахроми сангини мӯъҷизавӣ ба дили сарлашкари франсавӣ Наполеони ҷавон таъсири амиқе гузоштааст. Ӯ ҳангоми лашкаркашӣ ба Миср дар иҳотаи фавҷи сарбозон соате ғарқи тамошои ин мӯъҷизаи нотакрор гашта, мағрурона мегӯяд: «Панҷоҳ аср аз қуллаҳои баланду сангини ин ахром сӯи мо менигарад. Лашкари фиръавн нисфи оламро тасхир карда, чандин ҳазорсолаҳо зери нигини хеш нигоҳ дошт. Имрӯз фатҳи олам навбати мост».

Ҳангоме ки ин лашкаркаши худбовар ва мағрур дар паҳноҳои

Наполеон дар назди ахромҳо.

Мисри қадим тохтутоз мекард, шояд ба гӯшаи хаёлаш намерасид, ки дунё гузарон аст ва умри инсон дар назди таърих ба ҳукми нафасе беш нест. Вагарна куҷостанд соҳибони ин ахром, ки даъвои худоӣ мекарданд ва умматони сарзамини паҳновари Мисрро ба парастиши хеш мефармуданд. Ва шояд Наполеон намедонист, ки аз тахтасангҳои се ахроми бузург саросари сарзамини Фаронсаро бо девори сангини баландиаш се метр иҳота кардан мумкин аст.

Қисмат ба Наполеони кишваркушову оламгир низ вафо накард. Ӯ дар ҷазираи Еленаи муқаддас дар асириву назарбандӣ, ҳақириву нотавонӣ ҷон ба ҷаббор таслим намуд. Андешаҳои беохир, азияти рӯҳӣ ва ғаму кулфати танҳоӣ то поёни умраш домангири

пешина
аз 84
навбатӣ