Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
аз чанд қадди одам дар гӯшаи яке аз тахтасангҳои рамзӣ барҷастагии чун варақи қоғаз ноаёнеро гузошта буданд, ки ҳангоми сахт зер кардани он тахтасанги бузурге тоб хӯрда, роҳи тираву тори даромади аҳром кушода мешуд. Асрори даромадгоҳи аҳром сахт пӯшида буд ва онро фиръавнҳо аз пушт ба пушт нигоҳ дошта, танҳо ба ворисони қонунии тахту тоҷи шоҳӣ мекушоданд.
Аз роҳрави тираву тори аҳди куҳан нафаси қарнҳо мевазад. Нақшаи даромадиаҳром низ танҳо як нусха буда, он аз аҷдод ба авлод мегузашт ва то ба сӣ-чил пушти фиръавнҳо рафта мерасид. Нақша шакли рамзӣ дошта, тафсири он ба касе муяссар мегашт, ки асрори сулола ва муаммои зиндагии фиръавнҳо бароиш ошно бошад. Даромадгоҳи пурпечухам ва тираву тори аҳром ғайр аз даромадгоҳи нахустин даҳҳо дару даромадгоҳҳои сангини пурасрор дошт, ки кушодани ҳар кадоми онҳо Роҳрави бузурги аҳроми Хеопс.
вобаста ба донистани рамзе ё тафсири аломате буд. Агар дар ин кор иштибоҳе роҳ ёбад, ё рамзе нокушода монад, марг ногузир дар оғӯши деворҳои сангини тираву тор домангири кас мегашту лобаву фарёдаш ба гӯше намерасид.
Воқеан, дар ҳар кадоми ин аҳромҳо баробари ҷасади мӯмиёӣ, боигарии сулолавии фиръавнҳои Мисри қадим нигаҳдорӣ мешуд. Дар тӯли дарозои таърих кам набуданд, хуфиязанону дуздону ҳангомаҷӯёне, ки марг онҳоро андаруни чордевори сангини даромадгоҳҳо ғафлатгир кардааст.
Аз роҳрави пурпечухам ва тираи аҳромҳо ҳавои ғализу вазнине ба димоғ мерасад, ки асари чангу ғубори ҳазорсолаҳоро дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё