Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
Аҳроми Хафрен (номи аслиаш Хафра) дар бузургӣ баробари аҳроми Хеопс набошад ҳам, моилии рӯяҳош то имрӯз беосеб мондааст. Дарозии як тарафи асосаш 215 метр ва баландиаш 143 метр меояд. Аз ғояти моилии рӯяҳош дар чашм назар ба аҳроми Хеопс баландтар менамояд. Тахтасангҳои бо кошии зардчаранг рӯкашшудаи аҳром ба назар басо ҷозибу босалобат мерасанд.
Пайкари Абулҳавл ва Аҳроми Хафрен.
Дар шафати аҳроми Хафрен Абулҳавл (Сфинкс)-и бадхайбате хобидааст. Ҷисми сангини Абулҳавл 20 метр баландӣ ва 60 метр дарозӣ дошта, чун ҳомии бадхашми дунёи фаногашта тоҷи давлати фиръавнҳо дар сар бо чеҳраи одамӣ ва пайкари шеронаи худ ҳазорон сол боз дар зери нурҳои офтоби сӯзон фурӯғат дорад. Ин пайкараи яклухту муҳташам рӯ ба Шарқ хобида, дар вуҷуди бинанда як асрори шигифтовар ва муаммои нокушодаеро меангезад. Одамӣ дар назди ҷуссаи бузурги Абулҳавл як резареги ночизе намояд ҳам, ин осори безаволи санъатро бо ранҷу заҳматҳои миёншикан маҳз ӯ офаридааст. Ба назар чунин мерасад, ки ин Абулҳавли шигифтовар посбони азалии аҳромҳои бешумори Миср буда, чун рамзи қудрату тавоноии фиръавнҳо бунёд шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё