Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Фиръавн Микерин (номи аслиаш Менкаур) баъди фавти Ҳафрен ахроме бунёд намуд, ки баландиаш 66,4 метр буда, рӯяҳои асосаш ба 108 метр мерасид. Ба шаклу андозаи нисбатан хурдаш нигоҳ накарда, ин ахром бо ихчамию таносуби хоса ва низоми меъмориаш басо зебост. Замоне рӯяҳои онро то андозаи сеякаш рӯкаши гулобиранги хорой ва сипас рӯкаши сафед оро медод.
Мувофиқи шаҳодати Ҳеродот аз ғояти қашшоқии кишвар Мике-

Ахроми Микерин.

рин, писари Хеопс, маҷбур шуд, ки аз иморати ахроми мӯҳташам даст бикашад. «Ӯ рафтори падарашро написандид, маъбадҳоро бикушод ва барои мардуми ба ҳадди бенавой расида рухсат дод, ки таомули динашонро ба ҷо оранд ва ба машғулияти собиқаашон бозгарданд. Аз ҷумлаи фиръавнҳои Миср ӯ каму беш ба эҳтироми ҳамватанон сазовор гашта буд».

Таърихи бунёдшавии ин ахромҳо талхтарин қисмати умри мисриёни бостонӣ ба шумори меравад, зеро сохтани ин мӯъҷизаҳои оламшумул бо машаққати гарону қурбониҳои бебозгашт муяссар шудааст. Дар қатори фавҷи бешумори ғуломон ва асирони ҳарбӣ дар Миср хонадоне набуд, ки мардеро аз аҳли оилааш барои сохтани ахром набохта бошад.

Сангҳои чортарош ва тахтасангҳоро бо душвории гарон суфта
мекарданд. Олоти суфтагарӣ ва тарошидану кашонидани

пешина
аз 84
навбатӣ