Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

мекунанд. «Хеопс ҳукму ҳукуматдориашро аз он оғозид, ки кулли маъбадҳоро баст,- менависад Ҳеродот. - Ӯ овардани назру ниёз ва қурбониро ба маъбадҳо манъ карда, ҷумлаи мисриёнро маҷбур намуд, ки барояш чун ба худованд саҷда баранд ва хидмат гузоранд. Ӯ сохтани аҳромеро сар кард, ки дар ҷаҳон мислу монанд надошта бошад. Як қисми одамон аз силсилаи кӯҳҳои араб сангҳои чортарошро то соҳили рӯди Нил меоварданд. Дигарон ин тахтасангҳоро тавассути ғулааробаҳо то макони сохтмон некамониданд. Сад ҳазор одам машғули кор буд ва онҳоро дар ҳар се моҳ иваз мекарданд. Ҷабру ҷафои халоиқ ба тариқи зайл идома меёфт: даҳ сол барои сохтани роҳи сангкашонӣ рафт, ки ба фикрам заҳмати он аз бунёди худи аҳром монданӣ надошт. Барои сохтани аҳром бошад, бист соли тамоми рафт... Мисриён бароям нақл карданд, ки Хеопс 50 сол ҳукумат ронд ва баъди сараш тоҷу тахтро бародараш Хафрен гирифт. Ва ӯ низ аҳроме бунёд намуд, ки аз аҳроми Хеопс каме хурдтар аст. Мо онро андоза кардем, воқеан рӯяҳояш хурдтар аст... Мегӯянд, ки Хафрен 56 сол шоҳаншоҳ будааст. Ҳамин тариқ ҷабру ҷафо ва кулфати мисриён 106 сол идома ёфт. Вале дар тӯли ин солҳо боре ҳам дари Аҳромро накушоданд. Аз ғояти бадбинӣ мисриён номи ин фиръавнҳоро ба забон намеоранд. Аҳромҳо бошад, аҳроми Хеопсу Хафрен не, балки аҳроми Филитис ном мебаранд. Аз рӯи ривоятҳо Филитис шахси бенавое будааст, ки ҳангоми бунёд шудани аҳром дар шафати биёбон рамаи шоҳро мечаронидааст».

Ҳарчанд аз боби бародар будан ва ин қадар солҳои тӯлонӣ ҳукмронӣ кардани ин ду фиръавн маълумоти кофӣ нест, нафрати халқ нисбати онҳо баъди гузаштани ҳазорсолаҳо бешак эҳсос мегардад. Фиръавнҳо тамоми дороии давлат, иқтидори мамлакатдорӣ ва нерӯи ғулому нашоси соҳибҳуқуқи Мисрро барои бунёд намудани аҳроми навбатӣ сафарбар мекарданд. Хазинаи мулк тиҳӣ мегашт, ҳазорон ғуломон аз ғояти кори вазнин мефавтиданд, ҳунармандон аз шиддати заҳмати тӯлонӣ ҷон ба ҳақ таслим мекарданд, деҳқонону кишоварзон аз фузудани андозҳои гуногун ошӯб мебардоштанд, вале бунёди аҳромҳо ба таъхир намеафтод. Хуббинию шӯҳратталабии фиръавнҳо он қадар боло гирифта буд, ки дар ин роҳ ҳатто зару зевари хоса ва сарвати аҷдодонро дареғ намедоштанд.

пешина
аз 84
навбатӣ