Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мешавад? Ту кӯдак нестӣ-ку, худат бояд ҳамаашро донӣ...

— Мефаҳмам — ғур-ғур кард ӯ.

— Ба фикрам ҳама чизро намефаҳмӣ. Падарандари ту оқибат, ки ҳама чизро фаҳмида мегирад... Аммо ин ҷо гапи дигар ҳам ҳаст: агар ту худат бо падарат дидор медидӣ, кор ранги дигар мегирифт. Вақте ки модаратро ҳам ба ин хор олуда мекунӣ... Ин кор ба ҳеҷ кас хуш намеояд...

— Ӯ барқасд... маро барқасд фириб дода бурд! — гуфт дар охир, чаро?!

— Пӯлодҷон... — Дили ӯ ба ҳоли Пӯлод месӯхт ва дар ин лаҳза мехост ғамгусораш бошад.— Ӯ-ку ноҳақ аст, аммо ту... ту мардӣ-ку, инро мефаҳмӣ ё не? Ӯро гунаҳгор накун, охир ӯ модари туст. Ин ҳолат, аз ту дида, барои ӯ мушкилтар аст, магар намебинӣ?

Пӯлод хомӯшона бо нӯги попӯши фарсудааш болои замин хат мекашид.

— Ту чӣ, мехоҳӣ, ки дар дунё ҳама бо хоҳиши ту бошад? Модарат ҳам мехоҳад, ки ҳама кор табъи дили ӯ бошад... Аммо худат мебинӣ, ки ҳосили ин ҳама армонҳо чист? Не, танҳо худбин будан лозим нест... Аммо бо падарат дидор хоҳӣ дид.

— Қай, дигар... — ғур-ғур кард Пӯлод ва рӯяшро ба дигар ҷониб гардонд.

— Дар ҳамин рӯзҳои наздик. Ӯ хоҳиш кард, ки ана ин коғазро ба ту расонам.

Пӯлод коғазро гирифта рӯгардон карду хонд... Баъд чашмони ғамборашро ба сӯи муаллима дӯхт.

— Ин нишонии беморхона аст. Ӯро ҳамин рӯзҳо дар он ҷо бистарӣ хоҳанд кард... ту ором бош, ӯро фақат тадовӣ мекунанд. Падарат бисёр хоҳиш кард, ки ту барояш нома нависӣ, — бо табассум гуфт Холбика ва аз хеш илова намуд: — Як номаи дарози дароз, ки дар он ҳама армони дилат сабт шуда бошад. Ӯ номаи туро хелеву хеле интизор хоҳад буд.

Пӯлод оби даҳонашро фурӯ бурду сарашро ҷунбонд.

— Фақат дар ин бора ба касе лаб намекушоӣ... зеро лозим нест. Ва дар ҳамин рӯзҳои наздик ман барои китоб ба шаҳр хоҳам рафт ва мефаҳмам, ки агар ӯро бистарӣ карда бошанд ё не. Дигар тамом. Бирав. Вале номаро ба дасти ман супор. Албатта, ки месупорам... Дигар чӣ илоҷ. Хайр, ту бирав!

Шарми Пӯлод омад. Ӯ хомӯшона пеши муаллимаш

пешина
аз 328
навбатӣ