Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

У ҳангоме ба хона баргашт, ки ҳама хоб буданд. «Ту куҷо мегардӣ?...» — бо овози гирифта ғур-ғур кард падарандараш, ки аз сафар баргашта буд ва дигар чизе нагуфта боз хурраки хобашро идома дод. Бори аввал буд, ки Пӯлод аз будани Ялқоп шод мешуд, зеро модараш дигар пеши ӯ дурӯғ бофта наметавонист.

Ғазаби Пӯлод паст намешуд, аммо як нобоварӣ ҷонашро озор медод: Чӣ мешуд, агар ӯ бо падараш дидор медиданд; онҳо-ку муштоқи дидори ҳамдигар буданд... Шояд ӯ аз Ялқоп метарсад, — андешид Пӯлод. Хайр, чаро аз ӯ метарсидааст? Ӯ-ку худаш аз одамон метарсад; инро Пӯлод хуб медонист. Падарандараш ҳамеша аз кор дер меомад ва доимо чизеро дар ганчурхонаи кӯчаке ҷо мекард, ки калиди он танҳо бо худаш буд. Ӯ он калидҳоро доимо дар банди изораш нигоҳ медошт ва ҳатто боре онҳоро гум карду қариб буд, ки талхакаф шавад, аммо боз ба хулосае омад, ки ба дари он қулфи нав харида мемонад. Баъд ӯ он калидҳоро баногоҳ аз зери болишташ пайдо кард, ки онҳоро бисёр вақтҳо аз рӯи одат онҷо мегузошт... Модараш бошад дигар аз ӯ метарсид ва ҳатто чунон ҳам мешуд, ки онҳо як рӯзи дароз гап намезаданд. Пӯлод медид, ки модараш вақтҳои охир бо Ялқоп ҷанҷол намекард ва агар ягон носозӣ рӯй медод, модараш аз худаш медид ва баҳона мекард, ки ин ҳама аз рӯи одатҳои кӯҳнаанд. Охир рӯзгоре модараш озод ва ҳатто муншии кумитаи созмони ҷавонони Гочук буд... Пӯлодҳо ҳам ба ҳоли модар раҳмаш меомад ва ҳам аз рафтори ӯ хашмин мешуд, ки худашро пеши аҳли ин хонавода бечораву гунаҳкор мешуморид.

Ҳаминтур ӯ пеши суфа дар атрофи Илхони калхон давр мезаду мекушид, ки аз ӯ чихел омадани падараш-ро пурсаду донад, ки ӯ ба ин деҳон ношинос чигуна ҷустуҷӯи Пӯлод омадааст ва ӯро наёфта боз бо ҳамон роҳи дури биёбон танҳову ғамгин баргашта раф-тааст... Ӯ дар ин тахайюлот ҳамроҳи падараш аз миё-ни регтеппаҳои биёбони беканор мегузаштанду аз Го-чук сӯҳбат доштанд, ки дуртар кӯҳпояҳои наздикаш на-моён буданд. Ӯ ҳамроҳи падараш буд ва сеюми шояд худи Гочук-Мерган * буд... Пӯлод танҳо симои ин му-

1 Гочук мерган — муганӣ, пири Гочук, ки мардум ба ақлдан ӯ рӯи ниёз доштанд.

пешина
аз 328
навбатӣ