Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

зани Вакил-дароз низ нишастааст, ки гӯё дар даҳонаш об гирифта бошад. Шахсоне ки гӯсфанди овардаашон дар киса мегунҷад, ҳоло дар болохона нишастаанд, иззату икром мебинанд, аммо Орзу гӯсфанди бузурги мисли говро оварду, зани соҳиби хона чӯби хушк барин нишастааст. Шояд дар бораи тӯҳфаи ӯ ҳоло хабар надорад?

Дар назди чевон зани чашмкабуде, кадом як хеши дури Вакил-дароз, менишаст. Орзу ӯро каме дар хотир дошт, аммо номашро аз ёд бурда буд. Пас ӯ ҷониби зани чашмкабуд бо табассум сар ҷунбонид. Ӯ низ дар ҷавоб ҳамчунин кард ва хост бо ҳамсояаш сӯҳбаташро идома диҳад, ки Орзу бо овози баланд пурсид:

— Ин, шумо ба тӯй гӯсфанди калон овардед?

Чашмкабуд ба соҳибхоназан нигариста, китф дарҳам кашид, ки соҳибхоназан аз ин дар ҳайрат монд. Холаи Орзу албатта ҳамаашро дид, вале мақсадаш дигар чиз буд. Муҳимаш он буд, ки баҳс оғоз шуд.

— Гӯсфанд, он қадар хурд ҳам нест, — гӯё фикркунон идома дод ӯ, эҳтимол, пули нағз додаед?

— Ой, ман намедонам! — хитоб кард чашмкабуд, — донистан ҳам намехоҳам, — ва ӯ бо нигоҳи илтиҷоомез ба соҳибхоназан нигарист.

Аммо ӯ абрувонашро чин карда, сар набардошта, хомӯш менишаст.

— Бале, — идома дод Орзу, — ҳоло дар бозор ба мол наздик шудан корест муҳол. Аммо, агар даркор бошад, ҳеҷ куҷо намеравӣ, маҷбуран мехарӣ...

Давомашро Орзу аз як сар муфассал ба меҳмон нақл кард. Ӯ чунон батафсил ҳикоят мекард, ки аз ин нақл худаш низ завқ мебурд. Дар ҷойҳои пуризтиробаш овоз баланд мекард, ва гоҳо аз ҷояш мехест. Қисабури автобус ҳатто на ба се кас, балки ба чаҳор ғоратгарони босилоҳ табдил ёфт...

«То риштан охирин ғорат мекарданд, вале шукри худо пули гӯсфандро дар ҷойи дилпур руст карда будам!» Бари рӯмоли рангаашро ба сари китфонаш партофта, ӯ оромона нақл мекард, ки чӣ тавр дар бозор гашт, чӣ тавр гӯсфанди беҳтаринро интихоб намуд, чӣ бо мӯйсафед савдо карду чӣ тавр гӯсфандро бо мошини сабукрав овард — умуман ҳамаву ҳамаашро...

Ӯ зиёда аз як соат буд, ки нақл мекард, аммо меҳмонон хомӯш менишастанд. Ҳамаашро гуфта дилашро холӣ кард, Соҳибхоназан нохост хеста аз хона баромад.

пешина
аз 328
навбатӣ