Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
нимпӯш карда, ба дурӣ нигарист, то бо кӯшише масофаро аниқтар муайян намояд: — ягон се фарсах пештар дида буданд.
Хоҷӣ пеши гӯсфанд омада пушти онро сила карда баъд сарашро ҷунбонида гуфт:
— Орзу! Гӯсфандат—мисли шутур! Ман тайи умри рафтаам бисёр чизро дидаам, чашмонам нобино шудаанд, аммо ба ростӣ мегӯям: чунин гӯсфанди бемислу зебову калонро то ҳол вар нахӯрдаам! Гӯсфанди ҳақиқӣ! Инро ман, Хоҷии нобино, мегӯям, ба касе бовар накунӣ ҳам ба ман бовар кун!
Ва баногоҳ боз илова ҳам кард:
— Аммо, аҷибаш ин аст, ки Вакил-дароз ба ту чӣ туҳфа медода бошад?
Ва дар як лаҳза Орзу оромиро аз даст дод. «Аммо охир дуруст мегӯяд, — фикр кард ӯ. — Ман гӯсфанди яксаду панҷоҳу нӯҳсӯма биёраму дар ҷавоб ба ман рӯмолаки чити сесӯма бидиҳанд?» Ба наздики ӯ сарбандеро дида буд, хост бихарад зеро мақбулаш ҳам буд. Аммо ҳоло бошад муфт ҳам медоданд, ки лозим набуд! Не, — пас аз лаҳзае боз андешид ӯ. — Бигзор Вакил хасис бошад, ҳарчанд ки ин деҳа ба ҳама маълум аст, аммо набояд, ки нисбат ба як зани камбағали танҳо чунин рафторро раво бинад! Чунин бори нангинро виҷдонаш намебардорад! Охир ӯ фарзанди ягонаашро хонадор карданист, пас дар чунин ҳолат хасиси модарзод ҳам саховатманд мешавад. Кури Хоҷӣ оҳиста ҷомаашро бароварда болои кати чӯбин паҳн карду мувофиқи дил рӯ ба рӯи офтоб нишаст; ӯ ҳамин тавр бо чашмони пӯшида нишастанро дӯст медошт.
— Вакил-дароз ғайр аз Байрам ягон фарзанд дорад? — пурсид Орзу.
— Не. Модом ки чунин аст, оё, ки Вакил-дароз то тӯйи оянда зинда мемонад ё не? Чаро?
— Чаро? — пурсид кури Хоҷӣ.
— Барои он ки агар ҳатто арус тез ҳомила шавад, ҳатто писар зояд, ҳатто агар дар ҷамъат гапашро гираду солашро калон нишон диҳаду хонадор кунанд ҳам то он вақт сини Вакил-дароз аз ҳафтод мегузарад. Ин қадар умр мебинад ӯ? Аммо, охир писар неву духтар таваллуд шавад чӣ, охир ҳамааш дар дасти худованд.
— Албатта, — бо табассум розӣ шуд кӯри Хоҷӣ.
— Модоме ки чунин аст, Вакил, ки дар умраш як бор тӯй мекунад, ҳеҷ гоҳ хасисӣ намекунад. Дар ҷавоб

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо