Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
ва ту мехоҳӣ ӯро хурсанд бикунӣ, ки ҳатто хешу табори наздикаш даҳон кушоянд... ҳамин тавр?!
— Ҳамин тавр, — розӣ шуд Орзу-хола, — ман инро пӯшида намедорам, боз чӣ?
— Боз ҳамин ки гӯсфандро бигиру ба мошин бишин, ман туро шамол барин то хонаат мебарам.
— То деҳаи Гочук чанд пул мешавад? — пурсид ӯ.
— Ин деҳа, то Самсикёба норасида, аз тарафи дасти чап аст?
— Умуман гардиши камакак не, ҳайр аз ту чӣ ҳам гирифта мешавад, — ба маъни камбағал даҳ сӯм партоӣ бас.
— Оҳе, инро бинед! — хурсандона хитоб кард Орзу-хола.
— Ҳашт сӯм намехоҳӣ?
— Майдабозӣ накун хола! Агар ба ман нахоҳӣ ба «жигуль» раҳм кун, охир худи ҳозир шуста тозааш кар-дам.
— Шустӣ?— аз нав фикркунон пурсид Орзу-хола ва кунҷковона мошинро аз назар гузаронид. Ҳама қисмҳои мошин медурахшид. Бо чунин мошин меарзад, ки аз кӯчаҳои деҳаи азизаш савора бигзарад. Боз ҳамроҳи ҳамин хел гӯсфанд! Бахти Вакил омад кард... бахташ! Аммо даҳсӯм бешубҳа қимматтар аст. — Хуб, гуфт ба ҷавон, — хайр майлат... агар шамол барин бубарӣ, як сӯми дигар... нӯҳ сӯм мемонам.
Ҳамин тавр аз байни издиҳом оҳиста-оҳиста ба баро-мадгоҳ расида, муноқишаву савдо карда, охири охирон ба ҷавон муяссар шуд, ки даҳ сӯми худро бигирад. Орзу-хола ҳам аз аввал медонист, ки даҳ сӯм ин аз рӯи инсоф аст. Ба ҳар ҳол ронанда гардиши калоне хоҳад кард, то ки ба деҳаи онҳо ворид гардад. Даҳ сӯм-ро аз даст додан, албатта ҳайф буд: даркор ки бошад даркор-да, аммо ӯ барои ин даҳ сӯм пурра бояд роҳат кунад. Барои ҳамин ҳам бозори Ханчегон вуҷуд дорад. Бигзор дар он бисёр чиз тағйир ёбад, аммо муҳити бо-зори Ханчегон абадан хоҳад монд, тавре ки ба бозори хуб хос аст, тавре ки ин кор дар бозорҳои хуб аз за-монҳои қадим ба шакли анъана даромада буд. Барои ҳамин ним соат онҳо бо ҷавон савдо карданд, ки ново-баста ба ҷавониаш табъи дили Орзу-хола буд. Басо баҳоро дӯст медоштааст. Онҳо чунон савдо карданд, ки охиру охирон ҳарду қаноат монданд.
Дар роҳ ба хона, — аммо роҳ наздик набуд ва гардиш

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо